Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАСОВА Елена Дмитриевна

СТАСОВА Елена Дмитриевна

stasova

СТАСОВА Елена Дмитриевна (15. 10. 1873, Петербург —31. 12. 1966, Москва), ходими харакати коммунистии Россия ва байналхалки, Кахрамони Мехнати Социалисти (1960). Аъзои КПСС аз соли 1898. Иштирокчии Револютсияи солхои 1905—07 ва Револютсияи Кабири Сосиалситии Октябр буд. Солхои 1917—20 котиби Комитети Марказии партия. Соли 1921 дар Интернасионали Коммуиисти кор кард. Солхои 1927—37 чонишини раиси Комитети ичроияи Ташкилоти байналхалкии ёри ба муборизони революция (ТБЕМР) ва раиси Комитети Марказии Ташкилоти Байналхалкии Ёри ба Муборизони Револютсияи СССР буд. Солхои 1935 —43 аъзои Камиссияи назорати интернационалии Интернасионали Коммунисти буд. Солхои 1938—46 мукаррири журнали «Интернасиональная литература» (ба забонхои англиси ва франсави) буд. Аз соли 1946 бо корхои чамъиятию адаби машгул буд. Вакили съездхои 7—9-ум, 15—17-ум ва 22- юми партия; дар съездхои 7—8-ум аъзои Комитети Маркази, дар Съезди 16-ум аъзои Комиссияи марказии назорат интихоб гардид. Аъзои Комитети ИМ Умумироссия ва Комичроияи Интернационали Коммунистии СССР. Бо 4 ордени Ленин ва медалхо мукофотонида шудааст. Дар Майдони Сурх назди девори Кремл мадфун аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.