Маълумоти охирин

РОКОКО

РОКОКО (франсави rоcосо), услубест дар санъати нафисаи нимаи якуми асри 18 Европа. Пас аз инкирози абсо¬лютизм дар Франсия пайдо шуда, баъдтар дар Германия, Австрия ва дигар мамлакатхо пахн гардид. Рококо рухияи гедонистии ашрофонро ифода мекард ва бар дур шудан аз вокеият, мурочиат ба олами руъё асос ёфтааст. Рококо асосан дар меъмори, дар ороиши току равокхои бино ривоч ёфт. Баъди аз дахон мондани услуби барокко, Рококо дар зимни накшхои шикастаю пурпечухам дар оро¬иши бино мавкеъ пайдо кард.

rokoko2

Накшхои Рококо дар ашёи дохили бино (мебел, оина, замини намояхо) карту¬шахои (накшхои сипаршакл) болои дару тирезахо, инчунин дар зарф, ярок ва дигар афзорхо ба таври васеъ истифода бурда мешуд. Рококо дар байни наккошони кандакор, заргарон, мисгарон ва дигар хунармандон маълум буд. Рококо ба композитсия, сохти умуми, намуди зохири ва ан¬самбли меъмории бино таъсир намерасонд. Танхо дар панчарахои чуби, охани ва гачи тарху киёфа ва накши хосе мениход. Меъморони забардасти Рококо дар Франсия — Р. Декотт, Ж. М. Оппенор, Ж. О. Мейсоне ва дигарон Рококо дар санъати рассоми, хайкалтароши ва графика чанбахои ичтимоиро дур карда, образхои мухташаму пурдабдабаро талкин мекард. Дар ин сохахо бо услуби Рококо асосан асархои мифологи, салони, пасторали, симохои идеали, образхои сатхию мутантан офарида шуданд, ки хусусияти ороиши доштанд (рассомони франсави Н. Лайк¬ре, Ф. Лемуан, Ф. Буше). Солхои 60 асри 18 чои Рококоро класситсизм гирифт.
Ад.: Копеива Е. И. Искусство Фран¬ции 18 века. Л., 1971.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …