Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МУСИКИ» асари Абдуррахмони Чоми

«РИСОЛАИ МУСИКИ» асари Абдуррахмони Чоми

«РИСОЛАИ МУСИКИ» асари машхури Абдуррахмони Чоми доир ба мусикист. «Рисолаи мусики» аз мукаддима, ду кисм ва хотима иборат аст. Мукаддима дар хусуси пайдоиши мусики ва шархи исти-лохи «мусики» маълумот медихад. Чоми пайдоиши савту овозро, ки рукни асоси ва ибтидоии мусикист, из чихати илми асоснок намуда, таъкид менамояд, ки савт ва овоз дар натичаи эхтиёчи ба якдигар фикрбаёнкунии одамон ба вучуд омадааст. Кисми аввал ки «Дар ил-ми таълиф» ном дорад, доир ба нагма, овоз, накарот, садохои зеру бам, буъд, лахн, таксимоти пардахо, мураттабии буъду чинсхо ва ташкили чамъу маком, каторовозхои уд ва дувоздах макоми машхур маълумот медихад. Кисми дуюми рисола «Дар илми икоъ» ном дошта, дар хусуси икоъ, рукнхои икоъ, икоъхои маъмул, муносибат ва наздикии мусики бо шеъру вазн сухан меравад.
Хотима аз таъсири эмосионалии созу оханг бахс мекунад. Дар он омадааст, ки хар маком, шуъба ба шунаванда ба тарзи гуногун таъсир мекунад. Агар макомхои «Ушшок», «Наво», «Буслик» хисси бардами ва часоратро бедор кунанд, шуъбахои «Мохур», «Нахованд» ин гуна таъсир надоранд; макомхои «Рост», «Ирок» ва «Исфахон» ба шунаванда хисси шодию сурур ва фарах мебахшанд, макомхои «Бузург», «Зарафганд», «Рахови», «Зангула» холо хазину таъсирбахшанд, макомхои «Хичоз»-у «Хусайни» хам шуху сабук хам вазнину махзун садо медиханд. «Рисолаи мусики» соли 1960 аз руи фотонусхаи дастнависи куллиёти Чоми, ки соли 1502 китобат шудааст ва холо он нусха дар китобхонан Институти шаркшиносии Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон махфуз аст, ба чоп тайёр карда шуд. Дар кори интишор ва ба руси тарчума наму-дани китоб А. Н. Болдчрев саъй ва фаъолияти нишон дод. Инчунин, шархи илмие, ки доир ба рисола аз тарафи В. М. Беляев навишта шудааст, барои пурра фахмидани мазмуни асари Чоми ёри мерасонад. Вай схемахои пайдоиши макому шуъбахо, гурухи лахну савту оханг ва тарзи ифодаи онхоро дар адвор шарх додааст. Гайр аз ин, дарози ва кутохии савту рукнхо, аксу авчи овоз, истифодаи накарот ва гайраро, ки Чоми нишон додааст, В. М. Беляев дар нотаи имруза ифода кардааст.
У. Тоиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.