Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛА ДАР БАЁНИ ИСТИМОЪИ АСВОТИ ХУБ ВА НАГАМОТИ МАРГУБ»

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ИСТИМОЪИ АСВОТИ ХУБ ВА НАГАМОТИ МАРГУБ»

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ИСТИМОЪИ АСВОТИ ХУБ ВА НАГАМОТИ МАРГУБ» рисолаи мусики. Асри 17 дар Бухоро ба забони точики таълиф ёфтааст. Муаллифаш номаълум. «Рисола» аз мукаддима ва чор маком (фасл) иборат аст. Мукаддимаи рисола масъалахои фахмиши мусики, ривоятхо доир ба таъсирнокии мусики ва мавкеи он дар чамъият, истифодаи мусики дар маросиму идхо ва гайраро дар бар мегирад. Маком (фасл)-и аввал «Дар баёни идми мусики» ном дорад. Дар макоми дуюм («Дар баёни «Дувоздахмаком») аз таърихи ташаккули макомхо, ривоятхо доир ба пайдойши онхо, хизмати мусикидонони пешин дар пешрафти назария ва амалияи мусики, роху усули хосил кардани макомхо ва аз чанд нагма иборат будани онхо ва гайра сухан меравад. Муаллиф назарияи афлотуниёнро рочеъ ба робитаи 12 бурчи фалак ва аз харакати онхо хорич кардани 12 макому 24 шуъба ва ё овоза зикр карда, таъкид менамояд, ки макомхо махсули тачрибаи хаётии инсон аст ва он ба чирмхои фалаки нисбате надорад. Дар макоми сеюм, ки «Усул ва баёни усул» ном дорад, муаллиф масъалахои таркиботи усул, микдор ва даврахои ташаккули он ва муносибати ба овози паррандаю хайвон доштаи хар усулро мавриди барраси карор додааст. Дар рисола бисёр зарбхое маънидод шудаанд, ки дар дигар рисолахои мусики дучор намешаванд. Дар макоми чорум («Дар баёни созхои мусики») гузоришоте доир ба созхои танбур, чанг, конун, уд, барбат, чагона ва гайра оварда шудааст. Як нусхаи ин рисола дар захираи дастнависхои Институти шаркшиносии Академияи Фанхои Узбекистон тахти раками 1466/1 махфуз аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.