Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛА ДАР БАЁНИ ДУВОЗДАХМАКОМ»

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ДУВОЗДАХМАКОМ»

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ДУВОЗДАХМАКОМ» рисолаи мусики, ба калами Хоча Абдуррахмон ибни Сайфуддини Газнави мансуб буда, охири асри 16 ва ибтидои асри 17 таълиф шудааст. Муаллиф аз хусуси илми мусики ва он чи аз таълифоти пешиниён омухтааст, маълумот медихад ва чанд ривоят аз хавти Пифагор (Файсогурс) меорад. Инчунин дар хусуси танзими сози мусикии уд, пайдо шудани 7 маком, дар асри 13 ба 12 расидани адади макомхову нисбати онхо ба бурчхои осмони, илова шудани 24 шуъбаю 6 овоза ва тартиби чойгиршавии онхо дар макомхо, тавсифи ин таркибот аз назари Кавкабии Бухорои (дар назм), дар чанд парда ичро шудани макомхо шарх ёфтааст. Дар хотимаи рисола масъалахои назарияви, бадеи ва эстетикии мусики, яъне мавкеи он дар такомули дунёи маънавии инсон мавриди тахкик карор гирифтааст. Нусхаи мукаммали рисола дар Китобхонаи давлатии Техрон махфуз аст. А. Рачабов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.