Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОТОРЕНЕССАНС

ПРОТОРЕНЕССАНС

protorenessans

ПРОТОРЕНЕССАНС (аз прото… ва Франсави Renaissance — Эхё), давраест дар таърихи маданияти италияви, ки аз бисёр чихатхо ба санъатя Эхё замина тайёр кардааст. Истилохи «Проторенессанс»-ро бори аввал таърихшиноси Швейтсария Я. Буркхардт истифода бурдааст. Проторенессанс дар асри 13 ва Ибтидои асри 14 нашъунамо ёфтааст. Пайдоиши Проторенессанс ба ташаккули шахрхои озоди Италия, ки дар онхо хунармандию савдо таракки карда, якчанд ислохоти зиддифеодали гузаронда шуда буданд, алокаманд аст. Ба санъати Проторенессанс тамоюли инъикоси хиссию аёнии вокеияти реали, тасвири ходисоти дуняви (гаиридини) ва майли тамом ба мероси атика хос аст. Баъзе аз падидахои услуби нави Проторенессанс дар санъ­ати меъмории асрхои11—13-и Тоска­на дида мешавад: руйкаши мармарии рангоранг, таксимоти мутаносибу нозуки девори бинохо ва ис­тифодаи баъзе унсурхои биносозии атика ба меъмории ин давра имкон дод, ки мураккабии услуби романи­ро бартараф кунад. Намояндагони услуби готикаи давраи Протопанов (Арнол­фо ди Камбио ва гайра) ба офаридахояшон тамкин ва ороми мебахшиданд. Ба санъати хайкалтарошии давраи Протопанов (Никколо Пизано ва гайра) рагбат ба шаклхои нафису зебо, инчунин таъсири даврахои охири санъати ятика хос аст. Мусаввирони Протопанов (Л. Каваллини ва Чотто) асархои хаккони ва муассир офаридаанд. Ходисаи ба хамин монанд (кушиши дар чи боварибахш офарндани образхо) дар адабиёти италиявии ин давра низ мушохида мешавад (назми мактаби «долче стил нуово», Данте). Тамоюлоти Протопанов дар эчодиёти Ф. Бру­неллески, Донателло, Мазаччо накши худро гузоштаанд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …