Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Осетияи Шимоли

Осетияи Шимоли

Осетияи Шимоли (С а г а т Ир). Республикаи А в т о номии Советон Сотсиалистон Осетияи Шимоли (Сагат Иристони Автоном Советии Сотсиалис­тии Республика), дар хайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. 7 июли 1924 хамчун вилояти автономи таш- клл ёфта буд; 5 декабри 1936 ба Республикаи Автономии Советии Сотсиалисти табдил дода шуд. Осетияи Шимоли дар нишебии шимоли Кавкази Калон ва хамворихои нишеби назди он чойгир аст. Масохат 8 хазор километр2. Ахолиаш 606 хазор нафар (1982). Дар Осетияи Шимоли 8 район, 6 шахр ва 7 посёлкаи типи шахр хаст. Пойтахташ — шахри Орчоникидзе.

Сохти давлати. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимоли — давлати сотсиалистии умумихалки, республикаи автономии советии сотсиалисти. Конститусияи чориаш дар Сессияи 8-уми гайринавбатии даъвати 9-уми Совети Олии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимоли. 30 май 1978 кабул гардидааст.

Органхои олии хокимияти давлати— Совета Олии якпалатагии Осетияи Шимоли, ки ба мухлати 5 сол интихоб карда мешавад ва Президиуми он. Совети Оли хукумати республика—Совети Вази- ронро ташкил медихад. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимоли  дар Совети миллатхои Совети Олии СССР 11 депутат дорад. Орган­хои махаллии хокимияти давлати — Советхои депутатхои халкии шахр, район, посёлка ва кишлок мебошанд, ки ахоли ба мухлати 2 сол интихоб мекунад. Совети Олип Осетияи Шимоли Суди Олии республикоро дар хайати 2 коллегияи суди (доир ба корхои чинояти ва граждани) ва Президиуми Суди Олиро ба мухлати 5 сол инти­хоб мекунад. Прокурори Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимолиро Прокурори СССР ба мухла- и 5 сол таъин мекунад.

            Табиат. Кисми чанубии Осетияи Шаркиро каторкуххои Асоси ва Пахлуии Кавкази Калон ишгол кардаанд, ки аз 4000 метр баландтаранд (баландтарин нуктаи республика кухи Чимара, 4780 метр). Дар кисми марказии республика хамвории нишебидори Осетия чойгир аст; шимолтар аз ин хамвори каторкуххои пасти Сунжен ва Пер, дар паси онхо хамвории Моздок вокеъ гардидааст. Сарватхои зеризаминиаш — маъданхои полиметалл, масолехи бинокори, доломит, чашмахои оби минерали.

Иклимаш муътадил. Дар хамвории Моздок иклимм хушк, тез-тез гармсел мевазад; харорати миёнаи январ —4,3° Селсия, июл 24° Селсия. Дар хамвории Осетия харорати миёнаи январ —4° С;елсия боришоти со­лона 600—800 миллиметр. Калонтарин пиряххо — Каравгом ва Сея. Дарёхояш ба хавзаи Терек тааллук доранд. Дарёхои калонтаринаш Терек, Урух, Ардон, Фиагдон, Гизелдон ва гайра.

Дар хамвории Моздок дар чои даштхои явшонзори пештара киштзори хочагии кишлок вокеъ гаштааст; чанубтар аз он — хелхои гуногуни сиёхзамин. Дар хамвории Осетия сиёххоки маргзорй, хокхои маргзорию ботлоки, чимтолию глеевй ва гайра дида мешавад; дар чои бешадаштхои пешта­ра— киштзорхои хочагии кишлок. Дар хокхои бури чангали ва чимтолию хокистари бешаи дарахтони пахнбарг, бештар олаш месабзад; инчунин дарахтони момроз, зайзафун, шимтол фарк, булут, бисёр дарахту буттахои ёбоии мевадор меруяд.

Дар пастхамихои байни куххо ва хоки кухии хокистари ва кухии дашти бешаи да- рахтони карагай ва тус, растанихои хушкидуст (ксерофитхо) меруянд. 22% масохати Осетияи Шимоли бешазор аст. Олами хайвоноташ: оху, нахчир, гурбаи чангали, гуроз, хонгул, хирс, гург, рубох, савсор ва гайра; аз паррандахо мурги хилол, тазарв, кабк мавчуданд. Дар хамворихо хояндагон (калламуш, юрмон ва гайра) ва харгушхо вомехуранд. Зубр, гавазн, санчоби олтой, саги енотмонанд ба икса­ми ин чо мутобик кунонда шудаанд. Дар болооби дарёхои Сея, Ардон, Фи­агдон мамнуъгохи Осетияи Шимоли хаст.

            Ахоли — асосан осетинхо ва русхо, инчунин ингушхо, арманихо, гурчихо, украинхо, кумикхо ва гайра зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 километр2 74,6 кас (1980). Шахрхо: Орчоникидзе, Моздок, Беслан, Алагир, Ди­гора, Ардон.

            Очерки таърихи. Территорияи Осетияи Шимоли аз давраи палеолит инчониб маскун аст. Аввал ба Кавкази Шимоли скифхо омаданд (асри 7 то милод). Сони (асри 4 то милод) сарматхо ворид гаштанд, ки аз онхо аланхо чудо шуданд (дар охири асри 1 то милод). Дар охири асри 4 юриши гуннхо як кисми аланхоро мачбур кард, ки ба Европаи Гарби хичрат кунанд, кисми бокимондаи онхо ба водихои дарёхои Кубан ва Терек, инчунин ба куххо кучиданд. Дар асрхои 8—9 муносибатхои феодали ташаккул ёфт. Дар асрхои 9—10 давлати феодалии Ала­ния ба вучуд омад.

Дини насрони, ки аз асри 7 аз Византия ва баъд аз Гур- чистон ба ин чо нуфуз кард, дар асри 10 дини расми гардид. Асрхои 10—13 аланхо бо Гурчистон, Руси Киеви ва Византия алокахои сиёси ва тичорати доштанд. Дар асрхои 8—12 ташаккули халкияти алану ос (осетин) огоз ёфт. Дар натичаи хучуми чингизиён (1222—39) шумораи ахоли кам шуд, осори зиёди маданияти модди нобуд гашт. Осетинхо мачбур ба дарахои болооби Терек, ба нишебнхои чануби каторкухи Асосии Кавказ кучиданд.

Машгулияти асосии осетинхо чорводори, зироаткори, (шикор, хунармандию косиби буд. Баркароршавии куввахои истехсолкунанда боиси ташаккулу инкишофи муносибатхои фео­дали гардид, ки нобаробар ривоч меёфт. Хурофотхои гуногуни рузгори падаршохию авлоди боки монда буданд. Осетияи  Шимоли дар холати парокандагии феодали буд. Нохияхои гарбии он аз асри 16 ба князхои Кабарда тобеъ шуданд. Шароити вазнини иктисоди ва хавфи хучум аз тарафи хонии Крим ва Туркия Осетияи  Шимолиро барои бо Россия наздик шудан водор кард.

Дар арафаи соли 1774 Осетияи Шимоли ихтиёран ба Россия хамрох шуд. Ин икдом соли 1774 бо Сулхи Кучук-Кайнарии бо Туркия бастаи Россия собит карда шуд. Соли 1799 Осетияи  Шимоли ба туфайли Рохи харбии гурчи бо Гурчистон алокаманд гардид. Дар ибтидои асри 19 як кисми осетинхо аз кухсор ба нохияи райони Моздок ва ба хамвории Владикавказ кучида, ба зи- роаткори гузаштанд. Дар охири асри 18— ибтидои асри 19 ташаккули халкияти осе­тин ба охир расид. Соли 1888 Рохи харбии осетини ба истифода дода шуд, ки он ба тараккиёти иктисодии Осетияи Шимоли мусоидат кард.

Аз миёнаи асри 19 саноати кухкори таракки кард, солхои 60 кадрхои коргарони махалли ташаккул ёфтанд. Сохта шудани рохи охан Владикавказ — Ростови лаби Дон ба тараккиёти капиталистии Осетияи Шимоли му­соидат кард. Аз солхои 80 фаъолияти чамъиятию сиёсии шоир, револютсионер-демократи осетин К. Л. Хетагуров огоз ёфт. Дар миёнаи соли 1903 дар Владикавказ ташкилоти сотсиал-демократ ба ву- чуд омад, ки ба он як гурух осетинхо низ дохил буд. Мехнаткашони Осетияи Шимоли дар Револютсияи солхои 1905—07 фаъолона иштирок карданд. Солхои 1909—17 ба кори болшевикони Осетияи Шимоли ва тамоми диёри Терек С. М. Киров рохбарй мекард.

Баъди Револютсияи феврали 1917 дар Вла­дикавказ 8 (21) март Совети депутатхои коргарон барпо шуд, ки мохи май бо Совети депутатхои солдатхо муттахид гардид. Тобистони 1917 ташкилоти револютсионии — демокра­тии «Кёрмен» барпо гардид. Мохи марти 1918 Съезди 2-юми халкхои Терек дар Пятигорск ташкили Рес­публикаи Советии Терро эълон кард, ки он ба хайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия дохил шуд. Дар давраи Чанги граждани (1918— 20) территорияи Осетияи Шимоли яке аз майдонхои мухорибахои шадид буд.

Дар Кавкази Шимоли ба муборизаи зидди контр­револютсия Г. К. Орчоникидзе рохбари мекард. Дар охири марти 1920 Вла- дикавказро Армияи Сурх ва партизандо озод карданд ва Хокимияти Совети дар тамоми территорияи Осетияи Шимоли бар­каpop карда шуд. 17ноябри 1920 дар съезди халкхои вилояти Тер ташкили Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Гори эълон карда шуд, ки ба хайати он Осетияи  Шимоли хамчун Округи Осе­тия (Владикавказ) дохил гардид. 7 июли 1924 Осетияи Шимоли хамчун вилояти автономии Осетияи  Шимоли чудо карда шуд.

5 декабри 1936 он ба Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимоли табдил дода шуд. Дар солхои Хокимияти Советт дигаргунихои азим ба вучуд омаданд: иктисодиёти сотсиалисти ба вучуд омад, саноати вазнин ва сабук хеле таракки кард, хочагии кишлок коллективонида шуд, револютсияи мадани ба амал бароварда, барои хамаи сохахои хочаги ва маданият кадрхои милли тайёр карда шуданд. Халки осетин ба миллати со­тсиалисти табдил ёфт. Адабиёт ва санъаташ ру ба таракки ниход. Дар Осетияи Шимоли махсулоти умумии саноати калон нисбат ба соли 1913 дар соли 1940 26 маротиба, шумораи коргарон 7 маротиба зиёд шуд. Майдони кишт соли 1940 нисбат ба 1913 ба андозаи 71,5% афзуд.

Дар давраи Чанги Буэурги Ватани (1941—.45) август-декабри 1942 дар территорияи Осетияи Шимоли мухорибахои сахт мерафтанд; ибтидои соли 1943 кушунхои фашистони немис аз Осетияи Шимоли пеш карда шуданд. Дар солхои чанг барои кахрамони, мардонаги ва корнамоихои мехнати зиёда аз 60 хазор мехнаткашони Осетияи Шимоли бо ордену медалхо мукофотонида шуданд. Дар солхои баъди чанг хочагии халк пурра баркарор гардида, минбаъд таракки кард. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимоли бо ордени Ленин (1964), ордени Дустии Халкхо (1972) ва ордени Револютсияи Октябр (1974) мукофо­тонида шудааст.

Хочагии халк. Солхои Хокимияти Совети дар хочагии халки Осетияи Шимоли дигаргунихои кулли ба вучуд омаданд: саноати мутараккии бисёрсоха ва хочагии кишлоки сермахсул ба вучуд оварда шуд. Сохахои асосии саноат: метал- лургияи ранга, кухкори, мошинсози, электротехники, истехсоли шираи канд ва гайра. Истехсолоти чарму пойафзол, чубгари, дузандаги, трикотаж, колин ва гайра таракки кардааст.

Зиёда аз 90% кувваи электри республикаро ГЭС-хо медиханд; ГЭС-и Гизелдон, ки мувофики плани ГОЭЛРО сохта шудааст, ГЭС-и Орчоникидзе ва Эзмин (дар дарёи Терек). ТЭЦ-хои Беслан ва Дигор бо гази табии кор мекунад. Саноати шиша ва чинивору фаянс — зарфхои шишаги, шишаи вакууми, чинивори, электротехники ва ороиши (Орчоникидзе); саноати масолехи биникори хишт, масолехи деворбоби силикати, керамзит, маснуоти охану- бетони истехдсол мекунад.

Саноати са­бук такрибан 11% махсулоти саноати Осетияи Шимолиро медихад. Саноати хуроквори такрибан. 30 корхонаи калони саноати дорад. Корхонахои охану шираи канди Осетияи Шимоли дар Европа яке аз калонтарин корхонахо мебошанд. Аз зироат бештар чуворимакка кишт мекунанд. Инчунин сабзавот ахамияти калони хочаги дорад. 1 январи соли 1982 дар Осетияи Шимоли ин кадар чорво буд (ба хисоби хазор cap) гов — 111,9, хук — 118,7, бузу гусфатад —130,0. Соли 1979 факултаи кало­ни мургпарварии Орчоникидзе ба кор

даромад. Як совхози харгушпарвари ва 2 совхози парвариши занбури асал дорад.

Осетияи Шимолиро магистрали рохи охан. Кавкази Шимоли Ростови лаби Дон — Беслан — Боку бурида мегузарад. Дарозии рохи охан—149 километр (1974). Дарозии роххои мошингард —1908 кмлоиетр. Рохи калони мошингарди Москва—Тбили­си — Ереван аз территорияи республика ме­гузарад. Рохи харбии гурчи ва Рохи харбии осетия аз Осетияи  Шимоли cap мешавад. Газопроводи Ставропол—Гроз­ний ва Орчоникидзе — Тбилиси мавчуд аст.

Республика ба дигар нохияхои СССР металлхои ранга ва камёб, хулахои сахт, асбобхои дакик, мотогенератор, контактор, плитахои газ, масолехи бинокори, шишаи вакууми, электроизолятор, декстрин, кислотаи сулфат, охар, шираи канд ва гайра медихад; аз дигар нохияхо воситахои механикони ва автоматони, чубу тахта, семент, сузишвори ва гайра мегирад.

Нигахдории тандурусти. Соли 1913 дар Осетияи Шимоли хамаги 11 муассисаи табобати бо 223 кат ва 20 амбулаторияи фелдшери буд; ба тамоми нохия 61 духтур хизмат мекард. Соли 1981 касалхонахои республика зиёда аз 7,5 хазор кат дошт; 3,4 хазор духтур, 6,5 хазор корманди миёнаи тибби кор мекард. Кадрхои тибби дар Институти давлатии тиббии О. Ш. (Орчоникидзе) ва омузишгоди тибби тайёр карда мешаванд. Курортхои Кармадон, Тамиск, Сей, 8 санатория мавчуданд. Республика яке аз марказхон туризм ва альпинизми СССР мебошад.

Маорифи халк ва муассисахои маданню маърифати. То соли 1917 дар Осетияи Шимоли дар 165 мактаб 17,1 хазор, дар 2 мактаби махсус такрибан 100 талаба тахсил мекард; мактаби оли набуд. Со­ли тахсили 1981/82 дар мактабхои таълими умумй 103,5 хазор талаба, дар омузишгоххои касбхои техники 10,7 хазор талаба, дар мактабхои миё­наи махсус_ 14,6 хазор талаба, дар 4 мактаби оли (Университети Осетияи Шимоли, Институти хочагии кишлок Гори, Институти тиббии Осетияи Шимоли, Институти кухкорию металлургии Кавкази Ши­моли дар Орчоникидзе) 19,5 хазор сту­дент тахсил мекард. Соли 1981 дар муассисахои то мактаби 29,7 хазор кудак тарбия меёфт.

Дар соли 1981 502 китобхона, 538 клуб, 8 музей, 172 дастгохи кино, 4 театр, касри пионерон, стансияи табиатшиносони чавон мавчуд буд.

Муассисахои илми. Соли 1975 респуб­лика 12 муассисаи илми дошт. Соли 1925 дар асоси Чамъияти таъриху фило­логия и Осетия (таъсисаш 1918) Институти тадкикоти илмии таърих, иктисоди­ёт, забон ва адабиёти Осетияи Шимоли (дар Орчоникидае) барпо карда шуд. Дигар муассисахои илми: филиали

Институти умумииттифокии тадкикоти илми ва лоихакашию конструктории «Светметавтоматика”и Кавкази Шимоли (1959, Орчоникидзе), филиали Институти тадкикоти илмии умумииттифокии махсулоти охари Кавкази Шимоли (1959, Беслан), Институти тадкикотп илмии хочагии  кишлоки кухи ва наздикухии Кавкази Шимоли (1971, кишлоки Ми­хайловское) ва гайра мавчуданд.

Адабиёт. Таърихи адабиёти хаттии осетинхо зиёда аз сад солро дарбар мегирад. Тахмин меравад, ки ачдодони осетинхои хозира-аланхо хануз дар асри 5 милод хат доштанд; дар асрхои миёна подшохии аланхоро чингизиён тору мор карданд. Анъанаи мадани катъ гардид ва дар тули асрхо дар хусуси осори хаттии ягонмаълумоти дакике омада нарасидааст.

Осори эчодиёти даханакии халки осетин хеле бузург ва аз чихати жанр гуногун аст: эпоси нартхо, достонхо дар бораи кахрамонихои да­редзанхо, афсона, суруд, зарбулмасал, масал, наклу ривоятхо ва гайра. Дар миёнаи асри 18 бехтарин намояндагони халк барои бо Россия хамрох шудан дар байни мардум ташвикот бурданд. Дар асоси хуруфоти руси хати осетини ба вучуд омад ва соли 1798 ав- валин китоб ба забони осетини («Ка­техизиси мухтасар») нашр гардид.

Соли 1865 Т. Мамсуров (1843—98) аввалин шеъри худро ба забота осетини навишт, вале эчодиёти у факат дар замони совети дастраси хонандагон гардид. Публисистхои солхои 60—70 асри 19, ки асосан ба забони руси (А. Гассиев, И. Канунов, А. Ардасенов) ва Г. Лиахвели-Чочнев ба гурчи менавиштанд, кушиш доштанд дар байни халк принсинхои нави идеологиро пахн кунанд. Адиб, мутафаккир ва ходими намоёни чамъиятии осетинхо дар асри 19 К Хетагуров (1859—1906) буд. Аз хамзамонони Хетагуров И. Канунов (1851—99), А.

Кубалов (1871—1944), Б. Гурчибети (1868—1905) намоёнанд. Асри 19 барои адабиёти осетин давраи ташаккул буд. Дар ибтидои асри 20 матбуоти миллии осетини, драматургия ва наср ба вучуд омад. Е. Бритаев (1881—1923),

С. Гадиев (1856—1915), А. Косоев (1872—1944), С. Гадиев (1883—1931) ва дигар эчодкорони драматургия ва насри осетини буданд, ки анъанахои Хетагуровро давом дода, ба адабиёт масъала ва кахрамонхои нав —муборизони рохи озодии милли ва ичтимоиро дохил карданд.

Дар давраи совети адабиёти осе­тин барои тараккиёти хаматарафа замина пайдо кард. Дар солхои Хокимияти Совети асархои нависандагон С. Гадиев, Г. Бараков (1890—1937),  Баграев (1888—1941) ва дигар бо рухияи мубориза барои ди- гаргунсозихои револютсиони фаро гирифта шуда буданд. Солхои 1924—25 дар назди Ассотсиасияи москвагии Манорахои нависандагони пролетари гурухи чангии назди осетини «Зиу» ташкил ёфт. Соли 1927  дар Осетияи Чануби нашри журнали «Фидиуаг» («Чорчи») огоз ёфт. Солхои 30 acapхои калони эпики ба вучуд омаданд, драма чоннок шуд.  Нашри журналхои «Литературон каэуэтон» («Зарбдори адабиёт», 1932—33), журнали якмохаи «Мах дуг» («Замони мо», аз соли 1934) огоз ёфт.

Иттифокхои нависандагони Осетияи Шимоли  ва Осетияи Чануби ташкил карда шуданд. Мавзуи асосии адабиёти ин давра хаёти дехоти замони коллективони буд: по­вести С. Гадиев «Шаъни ниёкон» (1931), романи Д. Мамсуров «Операсияи вазнин» (1939) ва гайра. Анъанаи ривояти таърихи низ таракки кард (романхои К. Фарнион «Садои туфон» 1932; Босиев «Занчири гусис- та», 1935 ва дигар). Дар сохаи назм хам комёбихои калон ба даст оварда шуданд. хусусан дар жанри дос­тон: асархои М. Камбердиев (1909— 31), X. Плиев (1908—66) ва дигар. Дар давраи Чанги Бузурги Ватани бисёр нависандагон дар фронт бу­данд. Дар солхои баъди чанг асархои калон ба вучуд омаданд, ки ба дарки даврахои таърихии хаёти халк бахшида шудаанд.

Адабиёти бачагона низ таракки кард: асархои Г. Чатиев (таваллуд 1910), Д. Туаев (1903— 64), С. Бритаев (1898—1961) ва дигар. Робитахои адабиёти осетин бо ада­биёти дигар халкхои СССР мустахкам гардид, кори тарчумони вусъат ёфт. Солхои 60—70 асархое офарида шу­данд, ки бисёрии онхо ба мавзуъхои замонави бахшида шудаанд. Насли нав ба майдани назм баромад: С. Бестаути (таваллуд 1932), X. Дзуссати (таваллуд 1935), В. Малиев (таваллуд 1938), К. Ходов (таваллуд 1942) ва дигар. Дар сохаи танкид ва адабиётшиноси X. Ардасенов (1911—68), А. Хадарсев (таваллуд 1920), Г. Гагиев (таваллуд 1932) ва дигар кувваозмои мекунанд.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1974 дар республика 141 номгуи китобу брошюра нашр мешуд. Газетахои рес­публикавии «Растдзинад» («Хаки- кат», ба забони осетини, аз соли 1923), «Сотсиалистическая Осетия» (аз 1917), газетаи комсомолии «Молодой ком­мунист» (аз 1928); журнали адабию ба­деи ва ичтимоию сиёсии «Мах дуг» («Замони мо», ба забони осетини, аз 1934), алманахи «Советская Осе­тия» (аз 1948), «Блокнот агитатора» (аз 1945) ва гайра нашр мешаванд. Ра­дио ва телевизиони махалли ва маркази ба забонхои осетини ва руси кор мекунанд.

Меъмори ва санъати тасвири. Кадимтарин осори санъат, ки дар территорияи Oсетияи Шимоли ёфт шудаанд, ба хазораи 3 то милод тааллук дорад. Аз давраи скифхо (асри 7 то милод) маснуоти рехтаи биринчи, аз чумла ашёхои дину оине омада расидаанд, ки бо сурати хайвонот зинат ёфтаанд. Осори санъати аланхо хеле бисёр ёфт шудааст, ки нишонахои онро дар эчодиёти хози- раи халкии осетин дидан муикин аст. Баробари пахн шудани масехият (аз асри 10) сохтмони ибодатхонахо авч гирифт (калисои дехаи Нузал, асрхои 10—12). Дар шахри Татартул вайронахои масчиду манорахо боки мондаанд (асри 14).

Дар кухистон дар асрхои миёна аз санг деворхои калъахо, манорахои дидбони бунёд шу­даанд. Маркази дизакхои асримиёнаги майдонхо — <ныхас»-хо буданд. Касабахои водихо дар сохили дарёхо ва роххои калон вокеъ буданд Дар асрхои 18—19 дар кухсор бештар хонахои дуошёнаи бисёрхучраи сангин ва дар водихо хонахои похсагин ва баъдтар хиштини росткунча сохта мешуданд.

Дар шахрхои охири асри 19 — ибтидои асри 20 (дар Моздок ва Орчоникидзе) бештари бинохо дар рухи эклектизм ва баъзан бо услуби «модерн» сохта шуданд. Дар давраи совети плани генералии навсози ва тараккии шахри Орчоникидзе ба амал бароварда мешавад. Сохтмон хусусан аз солхои 50 хеле авч гирифт (меъморон А. И. Бтемиров, Т. М. Булае­ва, Г. В. Чинаворян. ва гайра). Соли 1936 шуъбаи Осетияи Шимолии Иттифоки меъморони Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия таъсис ёфт.

Зардузи ва ярокхои сернакшу нигор яке аз кадимтарин намудхои санъати халки мебонанд. Асбобу афзори асп низ зардузй ва хотамкори карда мешуд. Дар охири асри 19 аввалин рассоми осетини К. Л. Хетагу­ров фаъолияти эчодии худро cap кард, ки пайрави рассомони майли демократи доштаи рус буд. Баъди Револютсияи Кабири  Сотсиалистии  Октябр дар тараккиёти санъати Осетияи Шимоли рассомон М. С. Туганов, А. 3. Хохов, В. Л. Лакисов,

  1. В. Хасиева, хайкалтарошон бародарон Дзантиевхю, С. М. Ендзиев, С. Д. Тавасиев сахмн калон гузош- танд. Соли 1939 Иттифоки рассомони совети Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимоли барпо кар­да шуд (аз 1968 — Иттифоки рассо­мони Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимоли), солхои 50-70 санъати монументали (С. Д. Та- васиев) инчунин мучассамахои портрети ва мучассамахои хурд (Ч. У. Дзаязагов, А. М. Дзадтиев, С. П. Санакоев ва дигар) таракки кард. Дар ин солхо дар санъати графика ва ороиши театри, дар санъати ороиши амали муваффакиятхои калон ба даст оварда шуданд (3. П. Абоев, 10. Г. Бигаев, В. Н. Ксоев ва диг.).

Мусики ва театр. Мусикии халкии осетини аз суруду достонхои эпики ва инчунин созу навохо иборат аст. Дар байни халк сурудхои таърихии кахрамони, мехнати, базми, ишки, хачви, алла (сурудхои модар), сурудхои тую маросими маъмуланд.

Сурудхоро чун коида хори мардона месарояд. Хори мардона бисёр овоза, дуовозаю сеовоза, кисми зиёди сурудхои занона бошад яковоза аст. Асоси мусикии осетани диатони аст. Мусикии инструменталии осетини аксар аз охангхои ракси иборат аст. Чамъовари ва сабти фолклори мусикии Осетияи Шимоли аз охири  асри 19 cap шуда буд. Мачмуахои «Фолклори мусикии осетини» (194S), «Сурудхои халкии осетини» (1964, гирдоваранда Б. А. Галаев) нашр шудаанд.

Санъати касбии мусики баъди Револютсияи Октябри 1917 ба вучуд омад. То солхои 50 асархои хурди мусики эчод карда мешуданд. Дар солхои 50—60 бастакорон X. С. Плиев (операи «Ко­ста», опереттахо, сурудхо), Д. С. Хаханов (симфонияхо, опера, балетхо, консертхо, асархоя вокалию хори), И. Г. Габараев (операхои «Азау», «Оллана», симфония, романс, мусики барои асархои драмави) ва дигар асархо эчод кардаанд. Дар Осетияи Шимоли театри мусики, филармония (1945), ор­кестри симфони, ансамбли раксии «Алан» (1966), Чамъияти хори (1959), омузишгохи санъат, омузишгохи мусикии педагоги, 11 мактаби мусикии бачагона кор мекунанд. Соли 1939 Иттифоки бастакорони Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Осетияи Шимоли таъсис ёфт.

Сарчашмаи театри касбии осетини бози ва намоишхои халкианд. Аз соли 1904 дар Владикавказ, дехахои Ардон, Олгинское, Христиановское, Алагир аввалин спектаклхои хаваскорон ба забони осетини ба сахна гузошта шуда буданд. Дар Осетияи Чануби, Боку, Тбилиси кружокхои драмавии осетини амал мекарданд. Санъати милли, касбии осетини баъди дар Осетияи Шимоли баркарор шудани Хокимияти Совети ташаккул ёфт. Дар сахнаи театрхои Осетияи  Шимоли асархои классикони драматургияи чахони ва рус, асахои драматургии халкхои бародари совети низ намоиш дода мешаванд. Дар тайёр кардани кадрхои миллии театри хизмати мактабхои олии театрии Москва хеле калон аст. Дар шахри Орчоникидзе аз соли 1871 инчониб театри драмаи руси кор мекунад.

Адабиёт: Т о т а е в М. С., Очерки истории культуры и общественной мысли в Се­верной Осетии в пореформенный период, Орджоникидзе, 1957; Серебряная М. И., География Северной Осетии, Орд­жоникидзе, 1969; История Северо-Осетин­ской Автономной Сосетской Социалистической Республики, книга: 1—2, Москва—Орджоникидзе, 1959—66; А р д а с е н о в X. Н., Очерк ис­тории осетинской советской литературы, Орджоникидзе, 1967; Путешествие в древ­ний Иристон, Москва, 1974; Экономика и культура Северной Осетии, Орджоникид­зе. 1967.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …