Маълумоти охирин
Главная / Илм / Описторхоз

Описторхоз

Описторхоз, як навъ беморист аз гурухи гелминтахо, ки аз он чигар ва гадуди зери меъда иллат меёбанд. Дар Сибири Гарби ва мавзеъхои назди Днепр дучор меша­вад. Барангезандааш кирми макандаи сибири (Opisthorchis felineus) буда, дар чигар, захрадон ва гадуди зери меъдаи одам, гурба, саг паразити мекунад.

Манбаи асосии инва­зия одам ва хайвони бемор аст. Тухми паразит ба воситаи насафканд ба об ва баъд ба организма тукумшулук гузашта инкишоф меёбад. Минбаъд кирминаи он ба воситаи об ба организми мохи мегузарад. Одам бо Описторхоз хангоми хурдани мохии хом, нимхом ё камнамак сироят меёбад. Дар даврахои аввали бемори одамро ларза гирифта, мушаку бандхо дард мекунанд. Минбаъд тарафи рости зери кабурга дард карда, акcap вакт чигару захрадон калон мешавад.

Муолича: истифодаи хлоксил.

Пешгири: мохиро пеш аз истеъмол нагз бирён ва намак кардан, обанборхоро тоза нигох доштан лозим аст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …