Маълумоти охирин
Главная / Илм / Онтогенез

Онтогенез

Онтогенез (аз юнони ontos — хасти ва …генез), инкишофи фардии орга­низм, мачмуи табаддулоти пайдархамии морфологи, физиологи ва биохимиявиро гуянд, ки организм аз лахзаи пайдоиш то дами марг аз cap мегузаронад.

Мафхуми Онтогенез якчоя бо мафхуми филогенез ду чихати аз хам чудона- шавандаи чараёни ягонаи инкишофи табиати зиндаро ифода мекунад. Дар хайвонот ва растанихое, ки бо рохи чинси афзоиш меёбанд, тавлиди организми нав дар натичаи бордоршави ба вучуд меояд. Дар ин маврид Онтогенез аз зигота cap мешавад. Онтогенези организмхое, ки бо рохи гайричинси афзоиш мекунанд аз организми наве огоз меёбад, ки дар натичаи таксимшави (таксимшавии чисми модар ё хучайрахои махсус), мугчабанди, инчунин аз решапоя, бехмева, пиёзак ва гайра хосил мешаванд.

Дар рафти Онтогенез хар як организм даврахои бефосилаи тараккиётро аз cap мегузаронад, ки аз онхо асоситаринаш (барои организмхое, ки бо рохи чинси инкишоф меёбанд) инхоянд: чанини (эмбрионали), баъдичанини (постэмбрионали) ва мархилахои тараккиёти организми болиг. Асоси Онтогенез бунёдан аз просесси татбики маълумоти ирси (дар хар як хучайраи организм сабт шудааст) дар мархилахои гуногуни организм иборат аст.

Конунияти чараён гирифтани Онтогенез, самту равиши он ва омилхои ба хучайра, бофта ва узвхо чудошавии организмро биологияи ин­кишоф меомузад. Аз дарёфти ко- нуният, сабаб ва омилхои Онтогенез дар чустучуи воситахое, ки ба инкишофи растанихо, хайвонот ва одам таъсир (марасонанд, чун асоси илми хизмат мекунад. Ин дар растанипарвари, чорводори ва тиб ахамияти ка­лон дорад.

Онтогенези хайвонот. Давраи чанинии хайвонот аз 3 зина иборат аст: касраги тухм, тахсиси варакахои чанини ва ташаккули узвхои алохида (органогенез). Зинахои ибтидоии инкишофи хамаи хайвоноти бисёрхучайраги ба хам монанданд; ин монанди дар конуни биогенетики акс ёфтааст. Зинаи ибтидоии инкишофи баъди чанинии (ювенилии) хайвонот ё аз ру инкишофи мустакам ё гайримустакам давом карда метавонад (нигаред Метаморфоз). Хангоми инкишофи мустаким хайвони аз пардаи тухм баромада муттасил инкишоф ёфта, калон мешавад ва шакли хайвони болигро мегирад.

Macалан, зуллукхо, баъзе хашарот, аксарияти мохихо, хазандахо, паррандахо ва ширхорхо ба хамин тарз инкишоф меёбанд. Инкишофи дохилибатнии мухрадорхои хамрохакнок ва одам чихати хос дорад. Хангоми инкишофи гайримустаким бошад, ташаккули чанин ва баъд бача дар дохили батни модар ба вучуд меояд. Ташакку­ли хусусиятхои организм хамчун намуди муайяни биологи баробари ба балогати чинси расидан ба итмом мерасад, вале инкишофи аломатхои фарди бошад, то охири Онтогенез давом ме­кунад.

Онтогенез дар намудхои гуногуни биологи аз якчанд соат ё руз (масалан, дар ширинчахо) cap карда то 200 сол (масалан. дар сангпушт) давом меку­над; давомоти Онтогенез ба дарачаи муташаккили ё мавкеи организм дар сис­тематика вобаста нест, ин яке аз аломатхоест, ки дар просесси инкишофи таърихии намудхои биологи ташаккул ёфтааст. Тагйиротеро, ки организм дар пиронсоли ва солхурдаги аз cap мегузаронад, геронтоло­гия меомузад.

Дар Онтогенези растанихо сабзиш, инкишоф ва пиршавиро фарк меку- нанд. Хангоми Онтогенези растанихо чихатхои гуногуни просесси ягона чихатхои морфологи (морфогенез, органогенез ва гистогенез), физио­логию биохимияви, генетики ва эволютсиони ба хамдигар таъсир мерасонанд. Онтогенези растанихо низ махсули тахаввули дуру дароз буда, аз руи генотип муайян мегардад ва дар силсилахои просессхои физиологию биохимиявие ифода мешавад, ки боиси ба вучуд омадани таркибхои морфологи (узвхо) мегарданд ва ба­рои худи хамингуна просессхои нав замина низ мебошанд.

Вобаста ба шароити мухит ва меъёри реаксияи организм генотип дар силсилаи фенстипхо ба амал меояд, ки дар навбати худ аз руи мархилахои муайяни инкишоф (дар ин мархилахо таркибахои нав пайдо мешаванд) тавсиф мешаванд. Хусусияти асосии Онтогенези растанихои дарачаи оли ва як катор обсабзхо бадали насли гайричинси (спорофит) ва чинси (гаметофит) мебошад.

Дар хамаи зинахои Онтогенез организм як системаи томест, ки ба мухит таъсири мутакобил дорад. Ин аз руи таъсири мутакобили кисмхои он чи дар просесси мубодилаи Moддахo ва чи дар натичаи таъсири фитогормонхо муайян кар­да мешаванд. Онтогенези растанихо аз 20- 30 дакика cap карда (масалан, дар бактерияхо) то чанд хазор сол (масалан, дар арча) давом мекунад.

Адабиёт Т о к и я Б. П., Общая эмбриоло­гия, Москва, 1970; Б о д е м е р Ч., Современ­ная эмбриология, Москва, 1971: Гу пало П. И., С к р и п ч и н с к и й В. В., Физи­ология индивидуального развития рас­тений, Москва, 1971.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …