Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Онанд Мулк Роч

Онанд Мулк Роч

Онанд Мулк Роч (таваллуд 12. 12. 1905, Пешовар), нависанда ва ходи­ми чамъиятии хинду. Ба забони англиси менависад. Университети Лондонро хатм кардааст (1929). Доктори фалсафа, профессори Университети Панчоб (1962). Соли 1996 хамрохи Саччод Зохир Ассосиасияи нависандагони прогрессивии Хиндустонро таъсис дода аст. Солхои чанги граждании Испания дар таълифоти публисистиаш республикачиёнро тарафдори кардааст (1937).

Дар аввалин асархояш «Нафратзада» (1935), «Деха» (1939) ва гайра зиндагии пур аз тахкири кулихову «нафратзадагон» ва коркунони чойзорхоро тасвир кардааст. Дар рома­ну хикояхои «Хаёти хусусии рочаи хинду» (1953), <Рох» (1961), «Марги кахрамон» (1963) ва гайра ба тарафдории баробархукукии хамаи кастахо баромад кардааст. Дар асари дугонаи тарчумаихолиаш — «Хафт сол» (1951) ва «Шафаки субх» (1964) ташаккули характери муборизаи рохи озодии ватан нишон дода шудааст. Дар эчодиёти Онанд анъанахои милли бо нишонахои романи европои, аз чумла руси (Максим Горкий) ба хам омадааст.

Дар бехтарин романхои у «Кули» (1936), «Шамшер ва Дос»(1942), “Шафаки субх” ба реализми сотсиалисти майл доштани нависанда зохир шудааст. Як романи Онанд бо номи «Киссаи як зани динду» (Душанбе 1966) ва чанде хикояхояш ба забо­ни точики тарчума шуда, ба табъ расидаанд. Онанд лауреати Мукофоти байналхалкии Сулх (1953).

Адабиёт: Тупиком Ю. Е., Мулк Радж Ананд, Моска, 1955.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …