Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАЛЛШИНОСИ

МЕТАЛЛШИНОСИ

metalshinosiМЕТАЛЛШИНОСИ, илмест, ки вобастагии байнии таркиб, сохти дохили ва хосиятхои металлу хулахо, инчунин конуниятхои тагйирёбии хосиятхои онхоро хангоми таъсироти харорати, механики, физикию химияви ва г. меомузад, Металлшноси барои чустучухои илмии таркиб, усулхои тайёркуни ва коркарди масолехи металлии хосиятхои механики, физики ва химиявиашон гуногун асоси илми мебошад. Хосил кардани хулахои металли (мас., биринуй), инчунин бо рохи обутоб зиёд кардани сахти ва мустахкамии пулод ба одамони давраи кадим хам маълум буд. Аммо Металлшноси хамчун илми мустакил а. 19 (аввал бо номи металлография) ташаккул ёфт. Сабабгори ин, пеш аз хама, талаботи техника мебошад. Металлурги рус П. П. Аносов усули тайёр кардани булатро кор карда, аввалин бор дар чахон барои тадкики сохти дохилии пулод аз микроскоп истифода бурд. Асоси илмии Металлшносиро олими рус Д. К. Чернов ба вучуд овард. Дар инкишофи минбаъдаи Металлшноси сахми олимони ватанамон И. И. Беляев, В. П. Ижевский, С. Л. Вологдин, Н. В. Гутовский, А. А. Байков, Н. П. Чижевский, А. М. Бочвар, С. С. Штейнберг, Н. Я. Селяков, Н. Т. Гудцов, Г. В. Курдюмов, Н. А. Минкевич, Н. Ф. Болховитинов, А. П. Гуляев ва г., олимони мамлакатхои хорича Ф. Осмонд, Р. Аустен, А. Ле-Шателье, Э. Бенн, Г. Ганнеман, Ф. Вефер, Г. Эссер, Р. Мел ва диг. бузург аст.

Металлшносиро шартан ба кисмхои назарияви ва амали (техники) чудо кардан мумкии аст. Дар Металлшносии назарияви конуниятхои умумии сохти дохили ва процессхои дар металлхову хулахо хангоми таъсироти гуногун ба амалоянда муоина карда мешавад. Фаслхои асосии Металлшносии назарияви инхоанд: назарияи холати металли ва хосиятхои физикии металлхою хулахо, кристаллбанди, мувозинатхои фазави дар металлхову хулахо, диффузия дар металлхову хулахо, табдилоти фазави дар холати сахти, назарияи физикии процессхои деформацияи пластики, мустахкамшави, вайроншави ва рекристаллизация. Мундаричаи Металлшносии назарияви то андозае бо металлофизика алокаманд мебошад. Металлшносии амали асосхои процессхои технологии коркарди металлхо (коркарди термрехтагари, коркарди тазйици ва г.) ва гуруххои конкретии масолехи металлиро меомузад. Мундаричаи Металлшносии  амалиро омухтани таркиб, сохти дохили (структура), процессхои коркард ва хосиятхои синфхои конкретии гуногуни масолехи металли (мас., хулахои охану карбондор, пулоди конструкциони, пулоди зангногир, хулахои оташтобовар, хулахои алюминий, хулахои металлусафоли ва г.) ташкил медиханд. Вобаста ба инкишофи сохахои нави техника зарурати омухтани вазъи металлхову хулахо хангоми таъсири радиациони, хароратхои хеле паст, фишорхои баланд ва г. ба миён омад.

Ад.: Пикунов М. В., Деспири А. И., Металловедение. М., 1980; Гуляев А. П., Металловедение, М., 1977.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …