Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАБОЛИЗМ

МЕТАБОЛИЗМ

metabolizmМЕТАБОЛИЗМ (аз юн. metabole— тагйирёби, табаддулот), мачмуи реаксияи химиявии дар хучайрахои зинда баамалояндаро гуянд, ки организмро бо энергия ва моддахои барои фаъолияти хаёти, сабзвотхо афзоиш зарури таъмин менамоянд. Ба маънии бештар истифодашаванда истилохи «Метаболизм» мубодилаи моддахо ва энергияро ифода мекунад; ба маънии махсус ва сахехтар мубодилаи мобайни, яъне табаддулоти моддахоро дар дохили хучайра нишон медихад (аз лахзаи ба хучайра дохил шудани онхо то хосил шудани махсули охирин). Аз ин ру, истилохи «Метаболизм»-ро ба гурухи алохидаи моддахо 6 моддаи муайян (мас., Метаболизми сафеда, Метаболизми глюкоза ва г.) нисбат медиханд. Моддахои гизои дар хучайра бо иштироки ферменту як катор тагйиротхои химиявиро аз cap мегузаронанд. Метаболизм ду тараф дорад: анаболизм ва катаболизм. Реакцияи анаболи хосилшави ва азнавсозии элементхои таркиби хучайрахо ва бофтахоро таъмин менамоянд. Ин реакдияхо аксаран баркароркунанда буда, бо сарф кардани энергияи химиявии озод (реакцияхои эндергони) сурат мегиранд. Табаддулоти катаболи процесси то компонентхои содда тачзия шудани молекулахои мураккаб мебошад. Ин реакцияхо одатан оксидкунанда буда, бо чудошавии энергияи химиявии озод (реакцияи экзергонй) сурат мегиранд. Хар ду тарафи Метаболизм хар вакт ва фазо бо хам зич алокаманданд. Ниг. низ Ассимиляция ва Диссимиляция.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …