Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МЕЛАНЕЗИЯ

МЕЛАНЕЗИЯ

melenaziyaМЕЛАНЕЗИЯ (аз юн. Melas-сиёх ва nesos — чазира), яке аз гуруххои асосии чазирахоест дар ук. ёнусия, дар кисми чанубу гарбии укёнуси Ором. Аз экватор ба суи Ч. ш. такрибан 5000 км тул кашидааст. Чаз-хои ка­лон ва гуруххои асоси: Гвинеяи Нав, галачаз. Бисмарк, чаз-хои Со­ломон (Сулаймон), чаз-хои Гебридя Нав, Каледонияи Нав, Фичи. чазхои Фичи давлати мустакил аст (аз 1970); кисми гарбии Гвинеяи Нав (Ириани Гарби) дар хайати Индо­незия; Папуа-Гвинеяи Нав аз дек. 1973 хукуки худидоракуниро гирифт ва чаз-хои бокимонда мулкхои Бри­танияи Кабир, Франция ва Австра­лия мебошанд. Масохати умумии чаз-хо 956,3 хаз. км2. Ахолиаш 3,1 млн наф. (1974), асосан папуасхо ва меланезихо. Пайдоиши чазирахои Меланезия материки ва вулкони. Аз чинсхои кристалли, метаморфи ва таншим таркиб ёфтаанд. Рельефи чазирахо бештар кухист. Куллаи баландтарин (5029 м) дар чаз. Гвинеяи Нав во­кеъ аст. Дар ин чо вулконхои амалкунанда бисьёранд ва зуд-зуд зилзилахо руй медиханд. Сохилхои чазирахоро рифхо ихота намудаанд. Иклим дар Шимоли экватори ва субэнкватори, микдори боришоти солона 7000—9000 мм; дар ч— тропики, боришоти солона 1000—2000 мм. Хаpopати миёнаи мохона аз 25° то 28° С Дарьёхо бисьёранд. Дар бешахои сернами тропики дарахтони пуркимат меруянд (дарахтони нон, харбуза, сандал, нахл ва каучук). Дар чазирахои маркази ва чануби бешахои муссохи ва саваннахо мавчуданд. Олами хайвоноташ ба олми хайвоноти Австралия монанд аст (ширхорони сумдор, каэуарно, проехидва, саги паррон, аз паррандахо лира ва г.). Ахоли барои истеъмоли худ чуворимакка, шоли, ямс, маниок, ба­тат, барои экспорт норчил, кахва, какао, найшакар ва каучук парвариш мекунад. Сокинони Меланезия бо чорводори, монигири, чубтаиёркуни, чамъ овардани марчон, садаф низ машгуланд. Аз сарватхои зеризамини дар Каледонияи Нав никея, кобалт, хром, дар чаз-хои Гебриди Нав маъдани манган, дар Гвинеяи Нав, чазирахои Соломон, Фичи тилло истехсол карда мешавад.

Ад.: Говоров К. А. Океания 1971.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …