MАЧЗУБ (ар.— чазб кардан, ба худ кашидан), дар тасаввуф инояти илохиро гуянд, ки соликро бидуни кушишу мунохада ба маърифати ирфони хидоят мекунад. Ба акидаи ахли Мачзуб чахду кушиши инсон дар рохи маърифат ва вусул ба хак кофи намебошад ва кушиши гайби низ барои он лозим аст. Аз ин ру, худованд ба шахсоне, ки рохи маърифати тасаввуфиро пеш гирифтаанд, иноят мебахшад ва онхоро бидуни тайин мархилахои сайру сулук (ниг. Макомот) ба кашфи маърифати илохи омода месозад.
Ба акидаи гурухи мухакикони ахди аввали тасаввуф ба мисли Кушайри, Суламми, Гaзоли солик (суфи) барои маърифати хач ва усул ба он бояд силсилаи макомотро (ки дар он солик ба камолот мерасад) тай кунад. Атоуллохи Искандарони, Шозили ва гурухи дигари мухаккикони суфия акида доранд, ки тай намудани силсилаи макомот хатми набуда, суфи бо инояти илохи бевосита зоту сифатхои худоро дарк мекунад (дар ин мархила у солики мачзуб номида мешавад) ва факат пас аз он барои бозшиноси ба рохе, ки бе мучохада тавассути инояти илохи тай карда буд, бармегардад (мархилаи охириро мачзуби солик меноманд). Аз ин ру, поёни рохи солик огози рохи Мачзуб ва огози рохи солик поёни сайри Мачзуб дониста мешавад. Ба ибораи дигар, рохеро, ки солики мачзуб «аз халк ба хак» тай мекунад, мачзуби солик «аз хак ба халк» тай менамояд.
Мачзуб яке аз зинахои назариявии маърифати тасаввуфи буда, мохияту мазмуни илми надорад.
М. Хазраткулов.