Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАЧМУИ МАХСУЛОТИ ЧАМЪИЯТИ

МАЧМУИ МАХСУЛОТИ ЧАМЪИЯТИ

mahsulotМАЧМУИ МАХСУЛОТИ ЧАМЪИЯТИ, чамъи неъматхои модди, ки дар давраи муайян (одатан дар як сол) истехсол карда мешаванд. Дар шароити хозираи революцияи илмию техники сохахои гайринстехсолии хочагии халк барои ба вучуд овардани Мачмуи махсулоти чамъияти фаъолона таъсир мерасонанд. Мачмуи махсулоти чамъияти шакли натурави ва арзиши дорад. Шакли натурави аз восита ва предметхои ис­техсолот иборат аст. Дар мамлакат­хои социалисти махсулоти саноатро ба гурухи «А» (истехсоли воситахои истехсолот) ва гурухи «Б» (истехсоли молхои истеъмоли чудо мекунанд. Шакли арзиши Мачмуи махсулоти чамъияти ба арзиши воситахои истифодашудаи истехсоли ва арзиши нав ба вучуд овардашуда, яъне даромади милли таксим мешавад. Баланд шудани хосилнокии мехнат шарти асосии афзудани Мачмуи махсулоти чамъияти мебошад. Суръати афзоиши Мачмуи махсулоти чамъияти ва истифодаи он ба тарзи истехсолот вобаста аст. Истехсол ва таксими Мачмуи махсулоти чамъияти. ба конуни асосии социализм — боз хам бештар конеъгардонии талаботи моддию маънавии мехнаткашон мувофикат ва итоат мекунад. Дар шароити моликияти хусусии капиталисти бозори Мачмуи махсулоти чамъияти душвор, касод, фуруши он душвор ва суръати тараккии истехсолот суст мешавад, дар давраи будоихои иктисодии барзиёдистехсолкуни бошад, хачми истехсоли махсулоти чамъияти кам мешавад.

Дар СССР Мачмуи махсулоти чамъияти бо суръати тез афзуда истодааст. Соли 1975 нисбат ба 1913 56 маротиба, дар РСС Точикистон солхои 1960—75 2,9 маротиба афзуд. Барои зиёд шудани хачм ва такмили структураи Мачмуи махсулоти чамъияти тарики босуръати сохахои саноат роли халкунанда мебозад. Дар ин бобат интенсивонии процессхои истехсоли, механиконию автоматонии истехсо­лот, баланд шудани хосилнокии мехнат ахамияти зиёд дошта, андухти Мачмуи махсулоти чамъияти баланд бардоштани некуахволии мехнаткашонро амали мегардонад. Дар давраи капитализм Мачмуи махсулоти чамъияти бештар моликияти хусусии капиталистон аст. Мехнаткашон танхо махсулоти заруриро дар шакли музди кор мегиранду халос. Моликияти хусусии воситахои истехсолот, хусусияти стихиявии истехсолот, муборизаи ракобатии сохибкорон, номувофикати доимии байни истехсолу истеъмолро ба вучуд оварда, шароити фуруши махсулотро душ­вор гардонда ба бухронхои барзиёдистхсолкуни, бекори ва пастшавии кобилияти харидории мехнатка­шон сабаб мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …