Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МАЧИДИ Салохиддин

МАЧИДИ Салохиддин

nophotoМАЧИДИ Салохиддин (1878, дехаи Азеево, губ. Рязань —1956 Ленинград), аз муассисони мактаби усули нав дар Когон, Хучанд, Исфара, ходими маорифи халки РСС Точикистон Мачиди мактабп кухна ва мадрасаро (дар Казон) хатм кардааст. Соли 1903 ба Осиёи Ми­ёна меояд, аввал дар Когон (Бухорои нав) дар мактаби усули нав, ки он аз тарафи тотор Л. Каинов кушода шуда буд, ба кори таълим машгул мешавад. Сонитар у ба Хучанд омада, дар махаллаи Бешкавок мактаби усули нав мекушояд. Мактаб кироатхона, хонаи тачрибаи фанхои физика, химия, чугрофия ва табииёт низ дошт. Маълумоти ибтидои медод, дар он фарзандони ахолии махалли — точикон ва узбекхо тахсил мекарданд. Дар рафти дарс асбобхои аёни, ки худи Мачиди сох­та буд, истифода мешууданд. Гайp аз ин ба сифати аёният дар хавлии мактаб хавзи хурд ва ду чуйча коф­та буданд, ки б. Арал ва дарёхои Амую Сирро ифода мекарданд, барои Taълими фанни чугрофия аз гач тархи кишвари Туркистонро сохта буданд.

Мачиди китоби дарсии «Риёзиёт» («Арифметика») таълиф намуд ва он дар Хучанд с. 1914 чой шуд. Ин аввалин китоби сохави буд барои мактабхои нав. Солхои 1916—17 Мачиди дар мактаби усули нави Исфаракор кардааст. Баъди галабаи Револютсияи Ок­тябрь Мачиди дар шуъбаи маорифи халки вил. Фаргона, ки районхои Исфараю Конибодом ба хайати он дохил бу­данд, ба кор омад. Соли 1922 дар Конибодом директори мактаби нави совети, ки доруттадрис ном дошт, таъин шуд. Доруттадрис дар бинои мадрасаи Мухаммадрачабдодхох ташкил ёфта буд ва барои синфи ибтидоии мактаб чои точикии уезди Хучанд ва вил. Фаргона муаллим тайёр мекард. Мачиди дар ин чо аз фанхои физика, математика, чугрофия, забони точики ва араби дарс медод. Соли хониши 1925—26 доруттадриси Конибодом ба мактаби миёна (дарачаи 2) табдил ёфт. Мачиди соли 1027 ба Душанбе омад ва то рузхои охири хасташ дар мактаби № 15, чанд сол дар Институти давлатии педа­гогии Душанбе аз фанни математи­ка дарс дод.

Мачиди барои хизматхои худ дар сохаи маориф ба ордени Ленин (1954) ва унвони Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Точикистон (1943) сазовор гаштааст.

И. Обидов

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …