Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАХРИИ ХИРАВИ

ФАХРИИ ХИРАВИ

ФАХРИИ ХИРАВИ Мавлоно Султонмухаммад ибни Амирмухаммади мутахаллис ба Амири (соли таваллуд номаълум, Хирот — вафот такрибан 1562—63, Хиндустон), шоир ва адабиётшиноси форс-точик. Бештар дар Хирот зиндаги ва эчод мекард. Аз Фахрии Хирави асархои зерин боки мондаанд: 1) «Латоифнома» (1521—22) —тарчумаи фороии «Мачолис-ун-на- фоис»-и Навои буда, як боби илова дорад, ки шархи хол ва намунаи ашъори 189 нафар шоири дар «Мачолис-ун-нафоис» зикр нашударо дар бар мегирад. Соли 1945 дар Эрон ба табъ расидааст. 2) «Тухфат-ул- хабиб». 3) «Чавохир-ул-ачоиб». 4) Равзат-ус-салотин». Як асари Фахрии Хирави «Саноеъ-ул-хасан» аз илми бадеъ, кофия ва аруз бахс мекунад. Мавзуи бахси асари дигари у «Хафт кишвар» руйдодхои таърихи, афсонаю асотир ва масъалахои гуногуни ахлокист. Фахрии Хирави дар хачми 5000 байт девоне низ мураттаб сохтааст, ки як нусхаи он дар Ганчинаи дастнависхои шаркии Академияи Фанхои РСС Точикистон махфуз аст.
Адабиёт: Болдырев А. Н., Персидские переводи «Маджалис-ан-нафаис» Наваи, «Уч. зап. ЛГУ. сср. востоковедческих наук», в. 3, Л., 1052. С. Имронов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.