Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУЛФАТХИ БУСТИ

АБУЛФАТХИ БУСТИ

АБУЛФАТХИ БУСТИ Али ибни Мухаммад ибни Юсуф ибни Мухам­мад ибни Абдулазиз (971, Б уст – 1009/10, Бухоро), шоири форс-точик. Мувофики маълумоти сарчашмахои адаби Абулфатхи Бусти дар зодгохаш илмхои расмии даврашро омухта, дар син­ни камолот чун шоир ва донишманд дар байни ахли илму адаби замонаш шухратманд гардидааст. Мувофики маълумоти тазкиранигор Мухаммад Авфи («Лубоб-ул-албоб») Абулфатхи Бусти ду девони ашъор – яке ба форсии точики ва дигаре ба араби доштааст. Аз ашъори форсии точикиаш то замо­ни мо намунахои кам боки мондаанд.

Шеърхои зиёди арабиаш дар сарчаш­махои ба забони араби таълифшуда махфузанд. Касидаи арабии у «Нуния» хеле машхур буд. Онро шои­ри форс-точик Бадри Чочарми (вафот 1287) ба забони точики гардондааст. Шоирони зиёде дар такдиди «Нуния» касидахо навиштаанд, Манучехрии Домгони дар яке аз касидахояш Абулфатхи Бустиро дар радифи Рудаки, Шахиди Балхи, Абушакури Балхи ва дигар ном бурдааст. Абулфатхи Бусти  «Офариннома»-и Абу­шакури Балхи ва як шеъри Дакикиро ба забони араби гардондааст. Абёти зерин намунае аз навиштахои Абулфатхи Бусти  мебошанд:

Яке насихати ман гуш дору фармон кун,

Ки аз насихат суд он кунад, ки фармон кард.

 Агарчи кувват дорию иддати бисёр,

Ба гирди сулх гирою ба гирди чанг магард.

На хар ки дорад шамшер чанг бояд рафт,

На хар ки дорад позахр захр бояд х(в)ард.

Адабиёт: Ашьори хамасрони Рудаки, Сталинобод, 1958; Бертельс Е. Э„ История персидско- таджикской литературы, Москва, I960; Мардони Т. Н.. Арабско-таджикское двуязычие в поэзии IX-X веков. Душанбе, 1993.

Т. Мардонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …