Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХОКШИНОСӢ

ХОКШИНОСӢ

ХОКШИНОСӢ, илмест, ки таркиб, хосият, пайдоиш, инкишоф, паҳншавии географии хок ва истифодаи оқилонаи онро меомӯзад. Ба илмҳои табиию таърихӣ мансуб аст. Хокро чун ҷисми табиӣ, воситаи истеҳсолот ва предмети меҳнат меомӯзад (ниг. Хок), Фаслҳои муҳимтарини Xокшиносӣ: генезиси (пайдоиши) хок, геохимия, химияи физикӣ, коллоидӣ ва биологии хок, биология, физика, гидрология ва географияи хок.

xok

Xокшиносӣ ҳамчун илм дар Тоҷикистон солҳои Ҳокимияти Советӣ инкишоф ёфт. Ҳукумати республика 2 ноябри 1929 оид ба тадқиқи хок дар муҳлати панҷ сол қарор қабул кард. Ба ҳалли ин вазифа коллективи хокшиносон ва ботаникҳои Иниститути хокшиносии Университети давлатии Осиёи Миёиа (САГУ)-ро бо роҳбарии А. И. Розанов, М. В. Культиасов ва Н. А. Димо ҷалб карданд. Асосан заминҳои обии водиҳои Ҳисор, Вахш, Кофарниҳон, вил. Ленинобод, инчунин водиҳои Бешкент, Кӯлобу Фархор, Ёвон ва Данғараро тадқиқ, намуданд. Натиҷаҳои тадқиқоти солҳои 1929—33-ро ҷамъбаст намуда, с. 4935 М. А. Панков монографияи «Хоки Тоҷикистон»-ро (русӣ) нашр кард. Дар асари мазкур бори аввал масъалаҳои тасниф, минтақаҳо, инчунин баъзе хосиятҳои химиявию физикии хоки республика баён шуданд.

С. 1936 дар Қӯрғонтеппа Стансияи хокшиносӣ-мелиоративии Вахш таъсис ёфт. Кормандони стансия бо роҳбарии академики АФ РСС Тоҷикистон И. Н. Антипов-Каратаев дар тӯли солҳои зиёд хоки водии Вахшро тадқиқ намуданд. С. 1946 А. Н. Розанов бо супоршии стансия харитаи хоки Тоҷикистонро тартиб дод ва «Захираи замини Тоҷикистон» (русӣ) ном асаре чоп кард. Кормандони стансия аз с. 1947 то 1950 хоки водиҳои Тоҷикистони ҷанубиро тадқиқ намуданд, ки ин аҳамияти калони илмию амалӣ дошт. О. А. Грабовская ва П. А. Керзум динамикаи ҷараёни хокҳосилшавиро дар минтақаи хоки хокистарранг омӯхтанд. Дертар чунин тадқиқот дар хоки куҳ ва баландкуҳи Тоҷикистон гузаронида шуданд. Хоки Помирро В. Н. Уланов (с. 1949 кит. «Шароити хоки Помир ва роҳҳои инкишофи зироат»- ро нашр кардааст; ,русӣ) тадқиқ намуд.

Дар натиҷаи таъсиси Иниститути хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикстон (1951) тадқиқи хок хеле инкишоф ёфт. Бо роҳбарии академик И. Н. Антипов-Каратаев, О. А. Грабовская, П. А. Керзум таснифи нави хоки Тоҷикистонро тартиб доданд, дар ҳудуди республика тадқиқоти географӣ бурданд ва обшӯи хокро омӯхтанд. Дар заминаи он харитаи хок ва харитаи нақшавии обшӯи хоки РСС Тоҷикистонро таҳия доданд. Солҳои 1958—71 экспедитсияи харитакашии Иниститути лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» 578 ҳаз. га замини обӣ, 2213 ҳаз. га заминҳои лалмӣ ва чарогоҳи республикаро таҳқиқ кард. Солҳои 1953—63 гуруҳи хокшиносони Иниститутти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» қариб 350 ҳаз. га замини лалмии дар оянда обёрибобро омӯхтанд; ҳоло қисми зиёди ин заминҳо корам шудааст. Махсусан, Институти хокшиносии ВХҚ РСС Тоҷикистон тадқиқоти мелиоративию агрохимиявӣ, биологию микробиологӣ, физикию механикӣ, минералогӣ, мелиоративии заминҳои обӣ ва лалмии республикаро вусъат дод. Академик А. Н. Махсумов дар асоси тадқиқоти бисёрсола усулҳои агротехникии коркарди хокро омӯхт, ки он ба серҳосилии зироати лалмӣ мусоидат кард. Дар инкишофн Хокшиносии республика саҳми кормандони кафедраи агрохимия ва хокшиносии Иниститути хоҷагии халқи Тоҷикистон ва Иниститути тадқиқоти илмии зироати Тоҷикистон калон аст. Натиҷаи тадқиқоти бисёрсолаи хокшиносони республика дар 20 ҷилди «Асарҳои Иниститути тадқиқоти илмии хокшиносони Тоҷикистон» (русӣ), мақола ва рисолаву монографияҳои сершумор ҷамбаст шудааст.

Адабиёт: Глинка К. Д.., Почвоведение, М., 1927: Докучаев В. В., соч., т. 1-9. М.-Л., 1949-61; Сибирцев Н. М., Изб. соч., т. 1-2, М., 1951—53; Ковда В. А., Основы учения о почвах, кн. 1—2, М., 1973.   М. Р. Якутилов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …