Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УМУРИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ

УМУРИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ

УМУРИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ, хизмати санитарию эпидемиологӣ, дар СССР системаи муассисаҳои давлатист, ки назорати санитарии давлатӣ бурда, чораҳои санитарию профилактикӣ ва зиддиэпидемиявӣ меандешад. Омӯзиши ҳолати санитарию эпидемиологии маҳалҳои аҳолинишин, ба бемориҳои сироятӣ, касбӣ ва паразитӣ гирифтор шудани аҳолӣ ва ғайра асоси андешидани тадбирҳои зарурии зиддиэпидемӣ ва ҳифзи саломатии одамон аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …