Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ ЯГОНАГИИ АФРИКА

ТАШКИЛОТИ ЯГОНАГИИ АФРИКА

ТАШКИЛОТИ ЯГОНАГИИ АФРИКА (ТЯА), иттиҳоди сиёсии минтақавии давлатҳои соҳибихтиёри Африка, ки дар конференцияи давлатҳои африкоӣ (майи 1963, Аддис- Абеба) таъсис ёфта буд. Январи 1984 51 давлати соҳибихтиёри Африка аъзои ТЯА буд.

ty-africa

ТЯА барои мустаҳкам намудани ягонагӣ ва яқдили мамлакатҳои қитъа, ба ҳам мутобиқ кардан ва ҳаматарафа ривоҷ додани ҳамқории давлатҳои Африка, ҳифзи мустақилӣ, бутулӣ ва дахлнопазирии ҳудуди онҳо, барҳам задани ҳама шаклҳои мустамликадорӣ ва ғайра мубориза мебарад. Органҳои асосӣ: Ассамблеяи сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳо (ҳар сол на камтар аз 1 маротиба даъват карда мешавад); Совети вазирон (ҳар сол на камтар аз 2 маротиба даъват мешавад); Котиботи генералӣ (органи доимии маъмурӣ бо сардории Котиби генералӣ). Дар назди ТЯА комиссияҳои оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимои, маориф, илму маданият, нигаҳдории тандурустӣ ва мудофиа амал мекунакд. ТЯА дар ТДМ намояндагони худро дорад. Қароргоҳаш шаҳри Аддис-Абеба (Эфиопия).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …