Маълумоти охирин

ТУННЕЛ

ТУННЕЛ, тоннел англисӣ tunel), иншооти зеризаминӣ е худ зериобиест барои ҳаракати нақлиёт, дигар кардани масири об, гузаронидани коммуникасияҳо ва ғайра. Андозаи туннел ба таъиноти он ва шароитҳои топографӣ, геологӣ, иқлимии маҳал вобаста аст. Нахустин туннели киштигард (тақрибан 160 м) дар Франсия (охири асри 17) ва аввалин туннели роҳи охири (тақрибан 1190 м) дар Британияи Кабир (1826—30) сохта шуда буд.

tunnel
Дар Тоҷикистон бо мақсади обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи дашти Данғара туннели Данғара (дарозиаш тақрибан 13500 м) ба истифода дода шуд (1986), ки яке аз калонтарин туннелҳои мамлакат ба ҳисоб меравад. Сохтмони туннели нақлиётии Анзоб сар шудааст. И. Тоҳиров

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …