Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ УМУМИИТТИФОҚИИ ПИОНЕРӢ

ТАШКИЛОТИ УМУМИИТТИФОҚИИ ПИОНЕРӢ

ТАШКИЛОТИ УМУМИИТТИФОҚИИ ПИОНЕРӢ Ин ба номи В. И. Ленин, тешкилоти оммавии фаъолияти коммунистии бачагон ва наврасони 10—15 сола.  Бо супориши КПСС ба Ташкилоти умумииттифоқии пионерӣ ВЛКСМ роҳбарй менамояд. Ташкилоти умумииттифоқии пионерӣ дар аооси Низомнома кор мобарад, ки он масъалаҳои асосӣ — сохт, шартҳои қабулкуни ба ташкилот, вазифа ва ҳуқуқи пионерон, қоидаҳои пионери ҷавон, Қавли тантанаи пионери ҷавон, Қоидаҳои октябрятҳоро дарбар мегирад. 19 май 1922 Конференсияи умумироосиягии комсамол дар бораи дар ҳама ҷо ташкил намудани отрядҳои пионерӣ қарор баровард, ки ин сана ҳамчун рӯзи тавлиди Ташкилоти умуминттифоқии пионерон қайд карда мешавад.

tu-pioneri

Ҳамон сол ба пионерон бастани галстуки сурх расм шуд, ки он рамзаи Ташкилоти умумииттифоқии пионерӣ буда, пионеронро водор мекунад, ки доимо қонунҳои пионерӣ, ваъдаи тантанавии худро иҷро намуда, ба кори Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ тайёр бошаид. Нишонаи ба ташкилоти пионерӣ мансуб будани галстук се гӯшаи он аст, ки алоқамандии се шакл: коммунистон, комсомолон ва пиоперонро ифода мекунад. Сипас, дар Ташкилоти умумииттифоқии пионерӣ          нишони пионерӣ низ таъсис карда шуд. Ҳамаи пионерон ба сари синаашон нишони пионерӣ меовезанд, ки ин аломати аъзои ташкилоти пионерӣ будани мактаббача аст.

Нахустин отряди пионерӣ дар Тоҷикистон охири соли 1923 дар Хуҷанд таъсис ёфт.

Ҳукумати Советӣ ба кори Ташкилоти умумииттифоқии пионерӣ баҳои баланд дода, онро бо 2 ордени Ленин (1962 ва 1972) мукофотонида.      М. Исмоилов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …