Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕЙЛОРИЗМ

ТЕЙЛОРИЗМ

ТЕЙЛОРИЗМ, системаи ташкили капиталистии меҳнатро гӯянд, ки мақсадаш бо роҳи ниҳоят баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат даромади зиёд гирифтан аст. Он ба тақсими амиқи меҳнат ва рафтори оқилона ба кор асос ёфтааст. Инженери америкоӣ Ф. У. Тейлор (1856— 1915) пешниҳод карда буд.
Усули нормиронии меҳнат дар Тейлоризм аз рӯи ба ҳисоб гирифтани сарфи вақт барои иҷрои амалиёти муайян навъҳои кор таҳия шудааст. Тейлор ҳангоми муқаррар кардани нормаи кор коргари ҷисман бақувват, чолок ва моҳиреро интихоб мекард, ки мукаммалтарин усулҳои меҳнатро пешакӣ омӯхтааст.

teylorizm

Нишондиҳандаҳои кори ӯ барои ҳамаи коргарон нормаи ҳатмӣ муқаррар мешуд. У барои ҳавасманд гардонидаии коргарон (барои нормаи баландро пурраю барзиёд иҷро кардан) системан махсуси музди корбайъро пешниҳод карда, ба коргароне, ки нормаи худро пурраю барзиёд иҷро мекарданд, аз ставкаҳои муқаррарӣ бештар ва ба коргароне, ки нормаро иҷро намекарданд, аз рӯи ставкаи паст музд медод.
В. И. Ленин тейлоризмро «системаи «илмии» кашидани шираи бадан» (Асарҳо, ҷилди 18, соли 626) номида, дар айни ҳол азхуд намудани ҷиҳатҳои пропресивии онро таъкид карда буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …