Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕИДОРА

ТЕЛЕИДОРА

ТЕЛЕИДОРА, бо асбобҳои телемеханика аз масофа идора карданро гӯянд; як фасли телемеханика аст, ки ҷараёни ирсоли амри идораро ба масофаи муайян, табдил ва таъсири онро ба объекти идора дар бар мегирад. Ҳар як объекти дар сиютемаҳои телемеханики (СТМ), одатан бо ду ҳолат (масалан, «кушода- пӯшида», «васлшуда-васлношуда») тавсиф мешавад. Бинобар он амри идора одатаи аз як ё ду, баъзан якчанд калима сохта мешавад. Дар аксар системаҳои телеидора услуби дузинагии ирсоли сигнал (аввал адреси объект, сонӣ информацияи идора) қабул шудааст.

years-of-radio-102

Системаҳои телеидораро барои ирсоли ҳам информацияи дискретӣ ва ҳам информациян бефосилаи идора истифода мебаранд. Барои назорати амалиёти объекти идора телеидораро бо воситаҳои телесигналонӣ таъмин мекунанд. Аксаран объектро бо программаи муайян идора менамоянд. Агар программаҳо миқдоран кам ва содда бошанд, системаи телеидора бо олати махсуси автоматӣ (иҷрокунандан программаҳо) ҷиҳозонида мешаванд. Одатан информацияи идораро ба системаи муштараки иборат аз телеидора ва телесигналонӣ ирсол мекунанд. Телеидораеро, ки тавассути радиоканалҳо ба вуҷуд меоранд, радиоидора меноманд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …