Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕЛЕГДИ Жигмуyд

ТЕЛЕГДИ Жигмуyд

ТЕЛЕГДИ (Тelegdi) Жигмуyд (таваллуд 1909), эроншиноси маҷор. Дар Университетҳои Будапешт, Вроцлав ва Париж илмҳои эроншиносӣ, сомишиносӣ ва туркшиносиро аз худ кард. Мудири кафедраи забоншиносии Университети Будапешт (аз соли 1058). Телегди  ба тадқиқи грамматика аз лексикаи забонҳои ҳозираи форсӣ ва тоҷикӣ, инчунин форсии миёна, суғдӣ ва масъалаҳои забоншиносии умумӣ машғул аст. Аксари тадҷиқоташ ба забонҳон немисӣ ва франсавӣ: таълиф ёфтаанд. Асарҳои муҳими Телегди «Қайдҳо оид ба грамматикаи матнҳои масеҳии суғдӣ» (1038), «Материалҳо доир ба грамматикаи таърихии забони форсии нав. 1. Оид ба феълҳои префиксдор дар забони форсии нав» (1055), «Доир ба морфологияи забони форсии нав» (1961), «Қайдҳо дар бораи калимаҳои арабии забони форсии нав» (1073). Телегди дар тадқиқоташ аз адабиёти муосири тоҷик фаровон истифода мебарад. А. Хромов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …