Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ФАРИШТА»

«ТАЪРИХИ ФАРИШТА»

«ТАЪРИХИ ФАРИШТА» асари таърихию ҷуғрофии Муҳаммадқосим Ҳиндушоҳи Астарободии мулаққаб ба Фаришта (асри 17). Дар сарчашмаҳо бо унвони «Гулшани Иброҳимӣ» низ омадааст. Тафсилоти ҷараёни зиндагии муаллифаш маълум нест. Аз рӯи баъзе маълумотҳо тақрибан соли 1552 дар шаҳри Астаробод (Эрон) таваллуд ёфта, дар овони бачагӣ бо падараш Ғуломалии Ҳиндушоҳ ба Ҳиндустон рафтааст. Минбаъд дар дарбори ҳокимони музофоти гуногуни Ҳиндустон хизмат карда, соли 1623—24 фавтидааст.
«Таърихи Фаришта»-ро солҳои 1606—07 дар Биҷопур навиштааст. Маълумоти муҳими таърихӣ ва тасвироти ҷуғрофии шаҳрҳои Ҳиндро дар асоси мушоҳидаҳои худ ва ахбороти муосиронаш додааст. Асар ба таърихи умумии асрҳои миёнаи Ҳиндустон оид буда, аз муқаддима, дувоздаҳ мақола ва хотима иборат аст. Дар «Таърихи Фаришта дину оинҳои гуногуни ҳиндувон, ҷараёни таърихии ҷоришавии дини ислом дар Ҳиндустон инъикос ёфтааст. Қисме аз «Таърихи Фаришта ба генеалогияи сулолаҳои ҳокимони кишвар бахшида шудааст. «Таърихи Фаришта» оид ба таърихи умумӣ ва ҷуғрофияи Ҳиндустони давраи исломӣ сарчашмаи муҳим аст. «Таърихи Фаришта» дар мамлакатҳои Шарқ ҳамчун асари барҷастаи таърихшиносии асрҳои миёнаи форс-тоҷик машҳур гашта. Соли 1831 дар Бамбей, 1864—65 дар Лакҳнав, 1873—74 дар Канпур чоп шудааст. Ю. С. Малъцев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …