МАДАНИЯТИ МАЙКОП, маданияти археологии нимаи дуюми ҳазораи 3 то м., ки дар доманаи кӯҳҳои Кавкази Шимолӣ паҳн буд. Аз номи қӯрғони Майкоп, ки соли 1897 тадқиқ гардид, гирифта шудааст. Аз Маданияти Майкоп бисьёр қӯрғонҳо боқӣ мондаанд, ки баъзеи онҳо истеҳкому бошишгоҳанд. Дар охири давраи Маданияти Майкоп мақбараҳои сангӣ пайдо шуданд. …
Муфассал »Пешбинии илмӣ
Пешбинии илмӣ, як навъи фаъолияти назарист иборат аз тавсифу таъбири он падидаҳои табиат, ҷамъият ва ҳолатҳои рӯҳие, ки алҳол вуҷуд надоранд ё номаълуманду дар оянда ба вуқӯъ пайваста ва ё мавриди омӯзиш қарор гирифта метавонанд. Пешбинии илм дар шакли нубувват, каромот, раммолӣ аз қадим маълум буд. Дар Юнон, Ҳиндустон, Хитой, …
Муфассал »Пешгирии бемори
Пешгирии бемори, ниг. Профилактика.
Муфассал »Пешайвон
Пешайвон, ниг. Айвон.
Муфассал »Пеша
Пеша, ниг. Касб.
Муфассал »Печак
Печак, як навъи ширинӣ, ниг. Парварда.
Муфассал »Петрология
Петрология (аз юн. рetros — санг ва …логия), илм оид ба пайдоиш, таркиб ва ҷойгиршавии ҷинсҳои кӯҳӣ. Петрология бо тектоника, минералогия ва илми оид ба сарватҳои зеризаминӣ зич алоқаманд буда, ба инкишофи онҳо ҳисса мегузорад. Дар СССР қисме аз олимон (Ф. Ю. Левинсон-Лессинг, Д. С. Белянкин ва дигарон) чунин мешуморанд, …
Муфассал »Петрографияи ҷинсҳои тахҳшинӣ
Петрографияи ҷинсҳои тахҳшинӣ, ниг. Литология.
Муфассал »Петроград
Петроград, собиқ (соли 1914-1924) номи Ленинград.
Муфассал »Петит
Петит (франс. реtit —хурд), номи ҳар он ҳарфи матбаа, ки андозааш 8 пункт (тақрибан 3 мм) аст. Петит дар чопи матни асосии бисёр нашрияҳо (маълумотномаҳо, журналҳо, китобчаҳои раҳнамо) истифода мешавад. Дар нашрияҳои ҳарфҳояшон калонтар онро барои шарҳи ягон чиз, эзоҳи саҳифаҳо ва ғайра ба кор мебаранд.
Муфассал »