Маълумоти охирин
Главная / Теги: Фарҳанг (страница 3)

Теги: Фарҳанг

Ҷумҳурии Тоҷикистон

tj1

ТОҶИКИСТОН, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 октябр 1924 чун республикаи автономӣ дар ҳайати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон таъсис ёфт; аз 16 октябр 1929 Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз 5 декабр 1929 дар ҳайати СССР. Тоҷикистон дар ҷанубу шарқи Осиёи Миёна воқеъ гашта, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар шарқ бо Хитой …

Муфассал »

«ШАРАФНОМАИ АҲМАДИ МАНЬЯРӢ»

book-5

«ШАРАФНОМАИ АҲМАДИ МАНЬЯРӢ»          «Шарафнома», «Фарҳанги Иброҳимӣ», фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикист, ки Иброҳим Қавоми Форуқӣ с. 1473/ 74 дар Ҳиндустон ба ёди Шайх Аҳмад ибни Яҳёи Маньярӣ таълиф кардааст. Аз муқаддимаву 31 боб ва якчанд фасл иборат аст. Дар муқадима оид ба лексика ва грамматикаи забони форсӣ-тоҷикӣ баҳс оростааст. Тартиби луғат алифбоист. …

Муфассал »

«ШАМС-УЛ-ЛУҒОТ»

book-5

«ШАМС–УЛ–ЛУҒОТ» фарҳангест, ки бо кӯшиши гуруҳи донишмандони Ҳиндустон, таҳти poҳбарии Ҷозеф Баретто с. 1802 мураттаб шудааст. Он ду бор (с-ҳои 1801 ва 1891) ба табъ расидааст. Бештар аз 38500 моддаи луғавӣ (калимаҳои форсӣ, арабӣ, туркӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғ.) -ро дар бар мегирад. Дар ин фарҳанг баробари принципҳои луғатсозии пешина …

Муфассал »

«ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ»

book-5

«ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» фарҳанги тафсирии форсӣ (тоҷикист, ки Орзу с. 1734 таълиф кардааст. «Чароғи ҳидоят» давоми «Сироҷ-ул-луғот» буда, тафсири 981 калима ва 1084 ибораро дар бар мегирад. Воҳидҳои луғавӣ аз рўи ҳарфҳои якум, дуюм ва гоҳо сеюм ҷойгир шудаанд. Дар «Чароғи  ҳидоят» калимаҳои зиёди иқтибосии арабӣ, ҳиндӣ, урду ва туркӣ низ …

Муфассал »

«СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ»

book-5

«СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ» фарҳанги дузабонаи арабӣ-форсист, ки адиби форс-тоҷик Абулфазл Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Иброҳими Нишопурии Майдонӣ (вафот 1124) соли 1104 таълиф кардааст. Аз муқадима ва чаҳор қисм (ки онҳо дар навбати худ ба бобҳо ва фаслҳо тақсим шудаанд) иборат аст. Дар муқадима муаллиф пас аз баёни сабаби таълифи …

Муфассал »

«МЕҲРОБӢ»

«МЕҲРОБӢ», навъи маъмули нақши меҳробмонандест, ки дар баъзе масҷидҳо ба ҷои меҳроб хизмат мекард. Дар ороиши он композицияи мукаммали намоя истифода мешуд. Инчунии девори хонаҳои истиқоматӣ, тоқча, таҳмон, дар, дарвоза, ҷойнамоз, ҷузъгир ва ғ. бо усули «Меҳробӣ» ороиш ёфта, бо номҳои «Меҳробӣ»., тоқчаи «Меҳробӣ»., таҳмони «Меҳробӣ»., маъмул буданд.

Муфассал »

МЕҲРОБИ ИСКОДАР

МЕҲРОБИ ИСКОДАР, меҳроби кандакории чӯбини асри 10 аз деҳаи Искодари райони Айнӣ. Соли 1925 М. С. Андреев ёфтааст (ҳоло дар Музеи муттаҳидаи республикавии таърихӣ- кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Беҳзод, Душанбе). Ҳар ҷузъи кандакориаш композицияи мураккаби ороиширо (нақшҳои ҳан­дасӣ, лавҳаи мунаббаткорӣ, катиба ва ғ.) дар бар гирифтааст. Дар нақшунигори …

Муфассал »

МЕҲРОБИ АШТ

МЕҲРОБИ АШТ, меҳроби кандакории а-ҳои 10—11 дар деҳаи Ашт (райони Ашт). Аз гили аълосифат сохта шудааст. Нақшунигори олиаш ин ёдгориро ба қатори шоҳасарҳои санъати кандакории Шарқ мансуб гардондааст. Намояҳои меҳроб тоқшакл буда, дар рӯяш нақшҳои аҷоиби назаррабо канда шудаанд: мар­кази композиционии онро доираи диаметраш 26 смии мунаққаш (нақшҳои ҳандасӣ) оро …

Муфассал »

«МЕҲРГОНИ ХУРД»

«МЕҲРГОНИ ХУРД» ( — Ҷашн, тантанаи хурд), Меҳргони хурдак, 1) аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс-тоҷик, ки Борбади Марвӣ барои ҷашворони Хусрави Парвиз эҷод кардааст. 2) Яке аз гӯшаҳост дар таркиби «Дувоздаҳмақом». 3) Шӯъбаест дар таркиби «Понздаҳмақом», ки онро бештар «меҳргони борбадӣ» ва «меҳргони шоҳӣ» меномидаанд.

Муфассал »

«МЕҲРГОНИ БУЗУРГ»

«МЕҲРГОНИ БУЗУРГ» ( —ҷашн, тантанаи бузург), 1) аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс-тоҷик, ки онро Борбади Марвӣ эҷод намудааст. «Меҳргони Бузург» дар байни мардумони Мовароуннаҳру Хуросон аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҷашни Меҳргон ба шумор мерафтааст. 2) Гӯшаест дар таркиби «Дувоздаҳмақом».

Муфассал »