Маълумоти охирин
Главная / Теги: фалсафа

Теги: фалсафа

САНКХЯ

САНКХЯ. (санскрип, айнан — шумора, ҳисоб), яке аз шаш мактаби рошидии (бараҳмании) фалсафии Ҳиндустон, ки Ведаро эътироф мекунад. Асосгузораш Капила (асри 7 то милод). Таълимоти Санкхя ба вайшешика ва йога наздик буда, ба веданта ва миманса муқобил аст. Давраи классикии Санкхя аз асрҳои 3—4 то 7—8 дониста шудааст. Таълимоти фалсафии …

Муфассал »

РОБИТА

РОБИТА (арабӣ), дар фалсафа алоқа, вобастагии мутақобилаи мавҷудоти олам. Робита яке аз мафҳумҳои асосии материализми ди¬алектикӣ ба ҳисоб меравад. Дурустии маърифати инсон ба дуруст муайян намудани Pобитаи ҳодисаҳои гуногуни олам вобаста буда, сабабу натиҷа ва шаклҳои гуногунанд. Ҳамаи ҳодисаву просессҳои олам байни худ Робита доранд, чу¬нин аст мазмуни яке аз …

Муфассал »

РЕФЛЕКСИЯ

РЕФЛЕКСИЯ (аз лотинӣ ге!1ех1о — ба қафо баргаштан, инъикос), 1) андеша, худшиносӣ, феълу атвори худро мулоҳиза кардан. 2) дар фалсафа як шакли фаъолияти назарии инсонро гӯянд, ки аз таҳлилу таркиби афкору аъмоли худӣ ва қонунҳои ҷараёнгирии онҳо иборат аст.

Муфассал »

ХАЛОЪ

ХАЛОЪ, халаъ, хало (арабӣ холӣ будан), тиҳӣ, дар фалсафаи классикии Арабу Аҷам фазои холиро номанд; бори нахуст дар таркиби мафҳумҳои фалсафаи атиқан Юнон шакл гирифта, сипас тавассути осори Арасту ба муҳити фарҳангии Шарқи Наздик ва Миёна нуфуз кардааст. Бар хилофи Левкипп ва Демокрит барин «мардумони хало», ки «олам андар хало …

Муфассал »

ХАЙР ва ШАР

ХАЙР ва ШАР, аз мафҳуасҳоп муҳими фалсафаи амалии Шарқ буда, дар таърихи афкори маънавии тоҷикон нақши равшане дорад: дар таълимоти зардуштия ва монавия муҳимтарин категорияи ахлоқист. Дар Авесто ҳамаи мавҷудот ба ду қутби муқобил — олами хайру олами шар тақсим шуда, рамзи олами хайр нур ва олами шар зулмат дониста …

Муфассал »

ФАТАЛИЗМ

ФАТАЛИЗМ (аз лотинӣ fatalis — сарнавишт, тақдир), ҷаҳонбиниест, ки падидаҳои табиат ва ҳодисоти ҷамъиятро ба тақдир ва сарнавишт вобаста намуда, ҳама гуна тасодуф ва озодиро дар ҷараёни фаъолияти инсон рад мекунад. Аввал фатализм дар тасаввуроти асотирӣ пайдо шуда, инсонро мутеи ҳодисоти табиат ва қувваҳои фавқуттабиӣ медонист. Баъди ташаккули динҳои расмии …

Муфассал »

ФАРД, ХОС ВА КУЛЛ

ФАРД, ХОС ВА КУЛЛ, категорияҳои фалсафӣ буда, фард мустақилияти нисбии ашёю ҳодисаҳои алоҳида, кул умумияти хосият, муносибат ва робитаи ашёю ҳодисаҳо ва хос тарзи алоқаи фард ва кулро ифода мекунанд. Байни ин категорияҳои фалсафӣ алоқаи диалектикӣ мавҷуд аст. Зеро ашёву ҳодисаҳои алоҳида бо бисёр ашёву ҳодисаҳои дигар робитаи мутақобила дошта, …

Муфассал »

ФАЛСАФАИ ҲАЁТ

falsafa

ФАЛСАФАИ ҲАЁТ, равияи субъективию идеалистии фалсафаи буржуазии охири асри 19— аввали асри 20 дар Германия ва Франсия. Ба пандоиши он инкишофи биология, психология ва дигар илмҳо мусоидат намуд. Аввал мақсади ин ҷараён кӯшиши аз мавқеи идеалистӣ аз миён бардоштани материализми механикӣ буд. Вале моҳиятан он кризиси фалсафаи буржуазиро ифода мекард. …

Муфассал »

ФАЛСАФАИ ТАЪРИХ

falsafa

ФАЛСАФАИ ТАЪРИХ, як қисми фалсафаро гуянд, ки мазмуну қонуният ва роҳҳои асосии ҷараёни инкшиофи таърихиро шарҳ дода, усули маърифати онро ошкор месозад. Таълилюти томарксистӣ ҳукми азалии илоҳиро қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих (Августин) медонад. Таълимоти ақли илоҳӣ (И. Г. Гердер), рӯҳи мутлақ (Г. Гегел), табиати тағйирнопазири ипсон ва шароити табшш он (маорнфнарварон, …

Муфассал »

ФАЛСАФАИ ТАҲЛИЛӢ

ФАЛСАФАИ ТАҲЛИЛӢ, як равияи фалсафаи муосири буржуазӣ, махсусан фалсафаи англисию америкоист; таҳлили воситаҳои забонию мафҳумии маърифатиро вазифаи фалсафа медонад; як навъи неопозитивизм. Равияҳои асоснаш: 1) фалсафаи таҳлили мантиқӣ, ки истилоҳҳои мантиқи математикии муосирро ҳамчун воситаи таҳлил истифода мебарад. Ба он импиризми мантиқӣ (Р. Карнап, К. Гемпел, Ф. Франк) ва прагматизми …

Муфассал »