САНАИ НАВ, тақвими григорианӣ, тақвимест, ки ба ҷои санаи кӯҳна ҷорӣ шудааст (аз соли 1582). Дар Иттифоқи Советӣ аз санаи кӯҳна ба Соли нав амалан моҳи феврали 1918 гузаштанд. Нигаред, низ Тақвим.
Муфассал »САНАИ КӮҲНА – тақвими юлианӣ
САНАИ КӮҲНА, тақвими юлианӣ, тақвимест, ки онро Юлий Се-зар соли 46 то милод ҷорӣ карда буд. Мувофиқи Санаи кӯҳна муддати сол ба ҳисоби миёна 365 1/4 шаборӯз (муддати ҳақиқии соли тропикӣ 365 шаборӯзу 5 с 48 дақиқа 46 сония аст) мебошад; чунин қимати миёна дар натиҷаи чор сол илова намудани …
Муфассал »Солшуморӣ
СОЛШУМОРӢ, ҳисобу китоби муддати дарозро гӯянд, ки аз рӯи ягон ҳодисаи даврӣ такроршавандаи осмонӣ (гирдогирди меҳвари худ тоб хӯрдани Замин, дар атрофи Замин чарх задаии Моҳ, ба даври Офтоб гаштани Замин) анҷом мегирад. Дафтари солро, ки дар он ҷадвали рӯз (давомати рӯз, вақти тулӯъ ва ғуруби Офтоб ва ғайра) сабт …
Муфассал »СОЛШУМОРИИ ЯЗДИГУРДӢ
СОЛШУМОРИИ ЯЗДИГУРДӢ, тақвимест, ки эрониёни қадим ҳамчун ченаки вақт истифода мебурдаяд. Аз рузи ба тахт нишастани шоҳи охирини Сосониён Яздигурди III (16 июни 632, мутобиқ ба 21 рабеъулаввали соли 11 ҳиҷрии қамарӣ) сар мешавад. Мувофиқи Солшумории яздигурдӣ сол ба 12 моҳ (фарвардин, урдибиҳишт, хурдод, тир, мурдод, шаҳривар, меҳр, обон, озар, …
Муфассал »СОЛШУМОРИИ ЮЛИАНӢ
СОЛШУМОРИИ ЮЛИАНӢ, системаи муҳосибаи муддати тӯлонии вақт, ки бори аввал дар Рими Қадим Юлий Цезарь баъди ислоҳот 1 январ 45 то мелод ҷорӣ намуд (номи солшуморӣ низ аз ҳамин ҷост). Рӯзи 1 январ рӯзи аввали соли нав гардид (пеш аз ин дар тақвими римӣ оғози соли нав рӯзи 1 март …
Муфассал »СОЛШУМОРИИ ХОРАЗМӢ
СОЛШУМОРИИ ХОРАЗМӢ, тақвимест, ки хоразмиёни қадим ҳамчун ченаки вақт истифода мебурданд. Мувофиқи Солшумории хоразмӣ сол аз 12 моҳ иборат буда ба охири моҳи 12-ум 5 рӯз илова мекарданд. Сол аз моҳи Равчнафив навсарҷӣ оғоз меёфт, ки ин ба 25—26 марти солшумории милодӣ рост меояд. Номи моҳҳои Солшумории хоразмӣ аз рӯи …
Муфассал »СОЛШУМОРИИ ФОРСИИ ҚАДИМ
СОЛШУМОРИИ ФОРСИИ ҚАДИМ, солшумориест, ки дар давлати Ҳахоманишиён истифода мегардид. Соли қабул шудани ин солшуморӣ маълум нест, вале аз ҳуҷҷатҳо, катибаҳои Ҳахоманишиниён бармеояд, ки он то соли 459 то мелод ройиҷ будааст. Аз соли 441 то мелод ба ҷои он Солшумории зардуштӣ маъмул гардид. Солшумории форсии қадим дар таъсири солшумории …
Муфассал »СОЛШУМОРИИ СУҒДӢ
СОЛШУМОРИИ СУҒДӢ, тақвимест, ки суғдиёни қадим ҳамчун ченаки вақт истифода мебурданд. Тақвим аз байни ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ ёфт шудааст. Мувофиқи Солшумории суғдӣ ҳар моҳ аз 30 рӯз ва сол аз 365 руз (360+5 рӯзи иловагӣ) иборат буд. Моҳҳои Солшумории суғдӣ ба шарафи худоёни зардуштӣ номида мешуданд: Навсардич, Ҷарҷиничи, Ниснич, Насоканич, …
Муфассал »СОЛШУМОРИИ ГРИГОРИАНӢ
СОЛШУМОРИИ ГРИГОРИАНӢ, системаи муҳосибаи муддати тӯлонии вақт, ки папаи Рим Григории XIII соли 1582 ҷорӣ намудааст. Аз сабаби нисбат ба соли троникӣ 11 дақиқа 14 сония дароз будани соли юлианӣ дар тӯли 128 сол ҳато як шаборӯзро ташкил дод. Бинобар ин дар охири асри 16 эътидоли баҳорӣ, ки соли 325 …
Муфассал »СОЛШУМОРИИ ЗАРДУШТӢ
СОЛШУМОРИИ ЗАРДУШТӢ, солшумории авестоӣ, яке аз солшумориҳои маъруфи қадим, ки аҷдоди халқи тоҷик аз он истифода мекардазнд. Муаллифони давраи Сосониён ва муаррихони исломӣ таъсиси ин солшумориро ба Зардушт нисбат додазнд. Солшумории зардуштӣ дар баъзе ноҳияҳои Осиёи Миёнаю Эрон нимаи якуми ҳазораи 1 то мелод ҷорӣ гашта, минбаъд дар Суғд, Хоразм, …
Муфассал »