Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВӢ

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВӢ

surati-reaksiya

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВӢ, мафҳуми асосии кинетикаи химиявист, ки тағйир ёфтани адади зарраҳо (молекулаҳо, ионҳо)-и ҳамагуна моддаи дар реакция иштироккунандаро дар воҳиди вақт ба воҳиди ҳаҷм (барои реакцияҳои гомогенӣ) ё ба воҳиди масоҳати сатҳ (барои реакцияҳои гетерогенӣ ва топохимиявӣ) ифода мекунад. Суръати реаксияҳои химиявиро миқдоран аз рӯи тағйири консентрацияи моддаҳои ба реакция дохилшаванда ё маҳсули реаксия муайян мекунанд. Молекулаҳо дар воҳиди вақт ҳар қадар зиёдтар ба ҳам бархӯранд, Суръати реаксияҳои химияви ҳамон қадар зиёд мешавад. Ҳангоми баланд шудани ҳарорат суръати ҳаракати молекулаҳо зиёд шуда, сабаби афзудани адади молекулаҳои ба ҳам бархӯранда мегардад. Баробари ин Суръати реаксияҳои химиявӣ зиёд мешавад. Ҳангоми баланд шудани ҳарорат ба ҳар 10°С Суръати реаксияҳои химияви гомогенӣ мутаносибан 2—4 маротиба меафзояд (қонуни Вант — Гофф). Суръати реаксияҳои химиявиро инчунин бо катализаторҳо низ тағйир додан мумкин аст. Суръати табаддулоти гуногуни химиявӣ дар табиат ҳар хел аст. Масалан, ходисаҳои таркиш вараъду барқ (аз даҳ ҳазор як қисми сония), ҳодисаи зангзании металлҳо ва маснуоти металлӣ, ба вуҷуд омадани минералҳо ва ғайра даҳҳо, садҳо ва ҳазорҳо сол давом мекунанд. Ҳоло инсоният шароити бавуҷудоии реакцияҳои химиявиро ба ҳисоб гирифта, суръати онҳоро дар саноат тағйир дода, барои самаранокии маҳсулоти химиявӣ, пешрафти хоҷагии халқ истифода мебаранд. Суръати реаксияҳои химиявиро бо усулҳои фотометри, полирографӣ, потенсиометрӣ ва ғайра муаиян мекунанд.

Адабиёт: Эмануэль Н. М., Кнорре Д.Г. Курс химической кинетики, Москва, 1974; Глинка Н. Л., Общая химия, Ленинград. 1977. Н. Қобилов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …