Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУХЭ-БАТОР Дамдины

СУХЭ-БАТОР Дамдины

sukhe-bator-damdin

СУХЭ-БАТОР Дамдины (2. 2. 1893, Цэцэн Хана, ҳоло аймоқи Сухэ-Батор —22. 2. 1923, Урра, ҳоло Улан-Батор), ходими сиёсӣ ва давлатии Муғулистон, асосгузори Партияи халқӣ-революционии Муғулистон (ПХРМ), пешвои революсионерҳои халқии соли 1921 дар Муғулистон. Аз оилаи камбағал. Дар ҷавониаш галабон буд. Соли 1912 ба армияи феодалию теократии Муғулистон даъват шуд, командириэскадрон буд. Дар ҷангҳои зидди милитаристони Хитой ва дастаҳоироҳзани агенти Япония Бабуҷаба борҳо иштирок намуд. Соли 1920 ба ташкилоти революционие, ки дар натиҷаи бо кружоки Чойбалсан муттаҳид шудани кружоки ӯ ташкил ёфта буд, роҳбарӣ кард. Ин ташкилот ба ПХРМ (1921) асос гузошт. Аз 13 марти 1921 аъзои Ҳукумати муваққатии халқӣ, вазири ҳарбӣ ва сарфармондеҳи Армияи халқии Муғулистон. Армияи халқӣ бо роҳбарии Сухе-Батор, бо кӯмаки қисмҳои Армияи Сурхи советӣ қӯшунҳои гвардиячиёни сафеди Унгернро торумор кард. Аз 10 июли 1921 Сухе-Батор аъзои Ҳукумати халқӣ, вазири ҳарбӣ шуд. 5 ноябри 1921 дар имзо кардани шартномаи дӯстии байни РСФСР ва Муғулистон иштирок карда бо В. И. Ленин вохӯрд. Бо ордени советии Байрақи Сурх мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …