СУДОБ, садаб, садоб, садобӯ, садов, шодоб, хуфта, рута (Rutagraviolens), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи судобиҳо. Судоб растании заҳрнок аст.
Агар ба бадан расад, ширааш пӯстро мисли уган (юғая) шесӯзонад». Мисоли пудина бӯитез ва хоса дорад. Аз гули хушкидааш бӯи садбарг меояд. Судоб асосан дар кишварҳои баҳри Миёназамин ва минтақаи иқлимаш мӯътадили Осиё мерӯяд. Сайёҳ ва донишманди шаҳир Носири Хисрав дар «Сафарнома»-аш навиштааст: «Дар роҳ судоб фаровон дидем, ки худрӯй дар кӯҳу саҳро руста буд».
М. Ҳоҷиматов.