Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАСОВА Елена Дмитриевна

СТАСОВА Елена Дмитриевна

stasova

СТАСОВА Елена Дмитриевна (15. 10. 1873, Петербург —31. 12. 1966, Москва), ходими ҳаракати коммунистии Россия ва байналхалқӣ, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1960). Аъзои КПСС аз соли 1898. Иштирокчии Револютсияи солҳои 1905—07 ва Револютсияи Кабири Сосиалситии Октябр буд. Солҳои 1917—20 котиби Комитети Марказии партия. Соли 1921 дар Интернасионали Коммуиистӣ кор кард. Солҳои 1927—37 ҷонишини раиси Комитети иҷроияи Ташкилоти байналхалқии ёрӣ ба муборизони революция (ТБЕМР) ва раиси Комитети Марказии Ташкилоти Байналхалқии Ёрӣ ба Муборизони Револютсияи СССР буд. Солҳои 1935 —43 аъзои Камиссияи назорати интернационалии Интернасионали Коммунистӣ буд. Солҳои 1938—46 муқаррири журнали «Интернасиональная литература» (ба забонҳои англисӣ ва франсавӣ) буд. Аз соли 1946 бо корҳои ҷамъиятию адабӣ машғул буд. Вакили съездҳои 7—9-ум, 15—17-ум ва 22- юми партия; дар съездҳои 7—8-ум аъзои Комитети Марказӣ, дар Съезди 16-ум аъзои Комиссияи марказии назорат интихоб гардид. Аъзои Комитети ИМ Умумироссия ва Комиҷроияи Интернационали Коммунистии СССР. Бо 4 ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст. Дар Майдони Сурх назди девори Кремл мадфун аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …