Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЛАВЯНШИНОСӢ

СЛАВЯНШИНОСӢ

slavistika

СЛАВЯНШИНОСӢ, славистика, илмест, ки таърих, адабиёт, эҷодиёти даҳонии халқ, этнография, иқтисодиёт, санъати гузашта ва ҳозира, дин,  ёдгориҳои маданияти моддӣ ва маънавии славянҳоро меомӯзад. Славяншиносӣ нимаи дуюми асри 18 чун фанни асосан филологӣ барои омӯзиши забон ва адабиёти халқҳои славян ба вуҷуд омад. Славяншиносӣ чун илм дар Чехия шакл гирифт. Дар Россия ба он М. В. Ломоносов асос гузошт. Дар нимаи аввали асри 19 дар университетҳои мамлакатҳои славянӣ ва ғайриславянӣ аввалин кафедраҳои Славяншиносӣ таъсис ёфтанд. Чунин кафедраҳо дар Россия солҳои 30 асри 19 дар университетҳои Москва, Петербург, Қазон ва Харков ташкил карда шуданд.

  Дар миёнаи асри 19, баъди он ки К. Маркс ва Ф. Энгелс назарияи фаҳмиши материалистии таърихро кашф карданд, Славяншиносӣ асосҳои мустаҳками методологияи илмӣ пайдо намуд. В. И. Ленин назарияи марксистӣ ва метосологияи тадқиқоти таърихро инкишоф дод, ки он заминаи асосии ташаккули Славяншиносии марксистӣ гардид.

  Славяншиносии советӣ. Дар натиҷаи аз тарафи муаррихони советӣ омӯхта шудани сиёсати берунии мутлақияти Россия, таърихи ҳаракати револютсиони коргарӣ дар Россия ва дигар мамлакатҳои славянӣ барои дар СССР ташкил кардани тадқиқоти доманадори Славяншиносӣ заминаҳои илмию методологӣ ва манбаъшиносӣ фароҳам омаданд.

  Дар арафа ва давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) дар инкишофи минбаъдаи Славяншиносӣ дигаргунии куллӣ ба амал омад. Дар Институти таърихи АФ СССР, университетҳои давлатии Москва ва Ленинград барои тайёр намудани муаррихон ва филологҳои славяншинос марказҳои Славяншиносӣ ташкил карда шуданд.

  Солҳои 1946—47 муассисаи марказии комплексии Славяншиносӣ таъсис ёфт (аз соли 1968 Институти славяншиносӣ ва балканшиносии АФ СССР); дар университетҳои Ленинград, Киев, Львов, Минск, Воронеж, Харьков, Саратов, АФ РСС Украина кафедраю гурӯҳҳо ба вуҷуд омаданд. Соли 1956 Комитети советии славяншиносон таъсис ёфт, бо олимони РХБ, РХП, РСЧС, РСФЮ ва ғ ғайра робитаи мустаҳками илмӣ муқаррар карда шуд. Ҷои асосиро дар Славяншиносӣ масъалаҳои роли халқҳои славян дар просесси таърихии Европа ва чаҳон дар ҳамаи давраҳо, муносибатҳои байяниҳамдигарии халқҳои славян, этногенези славянҳо, алоқаи онҳо бо дигар халқҳои Европаи Марказӣ ва Шарқӣ, Балкан ва ғайра ишғол мекунанд. Славяншиносӣ дар мамлакатҳои хориҷии славянӣ. Дар Славяншиносии мамлакатҳои славянии ҳамсоя тадқиқи таърихи СССР — Россия, инчунин Украина, Белоруссия ҷои намоёнро ишғол мекунад. Дар РХП муносибатҳои Россияю Полша ва алоқаҳои револютсионии онҳо, дар РСЧС муносибатҳои Чехословакияю Иттифоқи Советӣ, аз ҷумла иштироки интернатсионалистони чеху поляк дар Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр (1917) ва ғайра тадқиқ карда мешаванд. Академияҳои як қатор мамлакатҳои славянӣ, аз ҷумла АФ СССР, ба тартиб додани «Атласи лингвистии умумиславянӣ» машғуланд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …