Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Паланга

Шаҳри Паланга

Паланга, шаҳри курортии соҳилибаҳрӣ дар РСС Лит. Дар соҳили баҳри Балтика, 12 км аз стансияи роҳи оҳан Кретинга, 25 км шимолтари шаҳри Клайпеда воқеъ аст. Воситаҳои муолиҷа терапияи иқлимӣ (климатотерапия), оби минералӣ, лойқаи торф, аэрогелиотерапия.

Аз нимаи июн то охири август дар баҳр оббозӣ кардан мумкин аст. Дар Паланга касалиҳои системаи дилу раг, асаб, узвҳои нафаскашӣ (ғайри касалии сил), возима муолиҷа карда мешаванд. Санаторияҳо, табобатхонаҳои обу лойқа, хонаҳои истироҳат ва пансионатҳо мавҷуданд. Дар Паланги коркарди каҳрабо ба роҳ монда шуда аст. Шаҳр аз соли 1253 маълум аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …