Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Олмалик

Шаҳри Олмалик

Олмалик, шаҳрест дар вилояти Тошкенти Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон.  Дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Қурама ва соҳили чапи дарёи Оҳангарон, 18 километр ҷанубтари стансияи роҳи оҳан Оҳангарон ҷойгир шудааст. Пунк­ти охирини роҳи автомобилгарди Тошкент — Олмаато (68 километр) мебошад.

Аҳолиаш 101 ҳазор нафар (1979). Олмаато маркази металлургияи рангаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон  аст (комбинати калони металлургияи кӯҳии ба номи Владимир Илич Ленин). ТЭЦ, фабрикаи мебел, заводҳои таъмири автомобил, асбобу маснуоти химиявии рӯзгор, корхонаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ (заводҳои маснуоти оҳану бетонӣ, хишт, оҳак ва ғайра) ва хӯрокворӣ (заводҳои шир, нон, пиво, комбинати гӯшт) дорад.

Филиала Институти тадқиқотии илмии металлургияи ран­гаи Осиёи Миёна, факултети Институти политехникии Тошкент, техникуми ме­таллургияи кӯҳӣ ҳаст. Шадҳ соли 1951 дар заминаи якчанд посёлка бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …