Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Оденсе

Шаҳри Оденсе

Оденсе (Odense), шаҳр ва бандарест дар Дания, дар поёноби дарёи Оденсе, дар ҷазираи Фюн. Адолиаш 168 ҳазор нафар (1974). Маркази муҳими киштисозии мамлакат. Корхонаҳои васли қисмҳои автомобил, велоси­пед, истеҳсоли элеватору асбобҳои электрӣ, инчуннн саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ дорад.

Дар шаҳр университет, музеи бадеӣ, музеи таъриху маданият, музеи «Деҳаи Фюн», хона-музей Ҳ. К. Андерсен мавҷуданд. Шаҳр дар атрофи калисои Вор-Фруэ-кирке (асри 12) ва калисои ҷомеи асримиёнагии Санкт- Кнудс-кирке (асрҳои 13—15) бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …