Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕРИХ Николай Константинович

РЕРИХ Николай Константинович

РЕРИХ, Николай Константинович (9. 10. 1874, Петербург —13. 12. 1947, Нагар, водии Кулу, штати Панҷоб, Ҳиндустон), рассом, археолог, сайёҳ ва ходими давлатии рус. Дар Академияи Рассомон Петербург (1893—97) хонда, дар як вақт курси факултети таъриху филологияи Университети ҳуқуқро (1898) хатм кардааст. Дар студияи Ф. Кормон (Париж, 1900-01) маҳорати рассомиашро такмил дод. Котиби Ҷамъ- ияти ҳавасмандкунии рассомон (аз соли 1901) ва директори Мактаби расмкашии назди ин ҷамъият (1906 — 18) буд. Аз соли 1909 аъзои ҳақиқии Академияи Рассомон Петербург ва аъэои итти- ҳодияи «Олами санъат» (солҳои 1910 —19—раис). Дарккунии табиат ва таърих дар алоқамандӣ бо якдигар чун сарчашмаи методи бадеии Рерих аллакай дар асарҳои нахустинаш мушоҳида мешаванд («Қосид», 1897, Нигористони Третяков ва ғайра). Рерих аз соли 1910 бо ороиши саҳна (декорасияҳои балети «Баҳори муҳаббат»-и И. Ф. Стравинский, 1913, операи «Князь-Игорь»-и А. Бородин) ва офаридани асарҳои монументалӣ (эскизҳо барои нақшунигори шифту девор ва хотамкорӣ, масалан, калисои Рӯҳи муқаддас дар Талашкин, 1914) низ даст задааст. Аз соли 1918 дар хориҷа (аввгусти солҳои 20 асосан дар Штаҳои Муттаҳидаи Америка; аз соли 1923 баъзан ва аз соли 1936 доимӣ дар Ҳиндустон) зистааст. Ду маротиба ба Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ (солҳои 1924—28 ва 1934 —35) экспедитсия ташкил кардааст. Сафари аввала (бо ҳамроҳии занаш Е. И. Рёрих ва писараш Ю. Н. Рё- рих) бомуваффақият гузашт; бисёр материалҳои археологӣ ва этно- графӣ ба даст омаданд. Дар ин сафар Осиёи Марказиро аз Ҳиндустон то Сибир (ба воситаи Сикким, Кашмир, Ҳимолой, Қароқурум, кӯли Зайсан ва Омск) ва аз Муғулистон то Ҳиндустон (ба воситаи Сайдам, Тибет ва Ҳимолой) ду бор тай кардааст. Ҳангоми дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР буданаш (1926) ба Москваю Олтой низ рафтааст. Дар асарҳои гуногунрангу пурмазмуни ҳангоми саёҳат офаридааш манзараҳои дилфиреб ва ҳаёти мардуми ин кишварҳоро таҷассум намудааст: «Гуга Чохан» (1931, Нигористони Третяков), «Аломати Гэсер» (1940), «Ҳимолой. Нанда-Деви» (1941), «Тибет. Дайр» (1942— хамааш дар Музеи Рус). Аз солҳои 20 фаъолияти ӯ дар кори муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ ва маданӣ пур- зӯр мегардад. Ҳиссаи Рерих дар инкишофи алоқаҳои мадании Иттифоқи Советӣ ва Ҳиндустон бузург аст. Пас аз вафоти Рерих писараш Ю. Н. Рёрих зиёда аз 400 асари дар Ҳиндустон офаридаи ӯро ба музеи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР овард. Писари дигари ӯ Святослав Николаевич (таваллуд 5.11 1904, Петербург) низ дар Ҳиндустон зиста, бисёр асарҳои рассомии арзанда офаридааст: «Ҳимолой. Ғуруби офтоб» ва «Расми падар» (1937, ҳар ду дар Нигористони Третяков); «Ҳаёти абадӣ» (1954); «Хонаи ман» (1971); «Кишвари ман зебост» (1974 — ҳама дар музеи шахсиаш). Ду маротиба — соли 1960 ва 1974—75 (ба муносибати виставкаи юбилеии падараш) ва 1984 (бо виставкаи асарҳои худ) ба Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР омадааст. Бо ордени Дӯстии Халқҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …