Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАВҒАНИ ЗАҒИР

РАВҒАНИ ЗАҒИР

РАВҒАНИ ЗАҒИР, навъе аз равғани растанист, ки аз дони зағир мекашанд. Равғани зағир зуд ях мебандад, зе­ро бо оксигени ҳаво тез полимери­затсия («хушк») мешавад. Ин хосият аз сабаби зиёд будани миқдори кислотаҳои равғани носер (ба ҳисоби %) аст: лияолат 15—30, линоленат 44—61, олеинат 13—29. Миқдори кислотаҳои сер 9—11% мебошад. Равғани зағир аҳамияти муҳими техникӣ дорад; аз вай ҳар гу­на локу ранг, алифҳо, сиккативҳои моеъ тайёр мекунанд. Равғани зағирро дар хӯрокворӣ ва тиб (чун равғанҳои молиданӣ, марҳам) Истифода мебаранд.

ravghani-zaghir

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …