Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОТОРЕНЕССАНС

ПРОТОРЕНЕССАНС

protorenessans

ПРОТОРЕНЕССАНС (аз прото… ва Франсавӣ Renaissance — Эҳё), давраест дар таърихи маданияти италиявӣ, ки аз бисёр ҷиҳатҳо ба санъатя Эҳё замина тайёр кардааст. Истилоҳи «Проторенессанс»-ро бори аввал таърихшиноси Швейтсария Я. Буркхардт истифода бурдааст. Проторенессанс дар асри 13 ва Ибтидои асри 14 нашъунамо ёфтааст. Пайдоиши Проторенессанс ба ташаккули шаҳрҳои озоди Италия, ки дар онҳо ҳунармандию савдо тараққӣ карда, якчанд ислоҳоти зиддифеодалӣ гузаронда шуда буданд, алоқаманд аст. Ба санъати Проторенессанс тамоюли инъикоси ҳиссию аёнии воқеияти реалӣ, тасвири ҳодисоти дунявӣ (ғаиридинӣ) ва майли тамом ба мероси атиқа хос аст. Баъзе аз падидаҳои услуби нави Проторенессанс дар санъ­ати меъмории асрҳои11—13-и Тоска­на дида мешавад: рӯйкаши мармарии рангоранг, тақсимоти мутаносибу нозуки девори биноҳо ва ис­тифодаи баъзе унсурҳои биносозии атиқа ба меъмории ин давра имкон дод, ки мураккабии услуби романи­ро бартараф кунад. Намояндагони услуби готикаи давраи Протопанов (Арнол­фо ди Камбио ва ғайра) ба офаридаҳояшон тамкин ва оромӣ мебахшиданд. Ба санъати ҳайкалтарошии давраи Протопанов (Никколо Пизано ва ғайра) рағбат ба шаклҳои нафису зебо, инчунин таъсири давраҳои охири санъати ятиқа хос аст. Мусаввирони Протопанов (Л. Каваллини ва Ҷотто) асарҳои ҳаққонӣ ва муассир офаридаанд. Ҳодисаи ба ҳамин монанд (кӯшиши дар чӣ боварибахш офарндани образҳо) дар адабиёти италиявии ин давра низ мушоҳида мешавад (назми мактаби «долче стил нуово», Данте). Тамоюлоти Протопанов дар эҷодиёти Ф. Бру­неллески, Донателло, Мазаччо нақши худро гузоштаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …