Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРИПИСНОВ Виктор Иванович

ПРИПИСНОВ Виктор Иванович

pripisnov-v-i

ПРИПИСНОВ Виктор Иванович (таваллудаш 25. 12. 1930, деҳаи Ушинкаи райони Руднянский,  Волгоград), файласуфи советӣ, доктори илмҳои фалсафа (1970), профессори (1971). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1954, Факултети ҳуқуқшиносии УДТ-ро (1954) хатм иамудааст. Солҳои 1954-1962 лаборанти калон, ассистент ва дотсенти кафедраи фалсафаи УДТ. Солҳои 1962—1964 мудири Шӯъбаи  фалсафаи АФ РССI Тоҷикистон, 1964 то 19681 проректор оид ба  корҳои таълимии УДТ, 1968—1972 му­дири кафедраи фалсафаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, солҳои 1972—1984— проректори УДТ. Аз соли 1984 ректори Институти давлатии педагогии забон ва адабиёти руси Тоҷикистон.

Дар фаъолияти илмиаш оид ба масъалаҳои диалектикаи омилҳои объективию субъективӣ дар инки­шофи ҷамъият, таърихи маърифати қонунҳои иҷтимоӣ ва револютсионӣ илмию техникӣ тадқиқот мебарад.

Ас.: Қонунҳои фаъолияти ҷамъиятии одамон, Д., 1968; Проблема субъектив­ного фактора в историческом материализме, Д., 1966; Механизм действия со­циальных законов субъективных факто­ров, Д., 1972; Из истории познания за­конов общества, Д., 1983.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …