Маълумоти охирин

ПОЛША

ПОЛША (Роlskа), Лаҳистон, Республикаи Халқии Полша РХП. Давлати сотсиалистӣ дар Европаи Марказӣ, дар ҳавзаи дарёҳои Висла ва Одра, байни баҳри Балтпка дар Шимол ва кӯҳҳои Карпат ва Судет дар Ҷануб воқеъ гардидааст. РХП дар Ғарб бо  РДГ, дар Ҷанубу Ғарб ва Ҷануб бо Чехословакия, дар Шарқ бо СССР ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 312,7 ҳазор км2. Аҳолиаш 36,4 млн нафар (1982). Пойтахташ шаҳри Варшава. Аз ҷиҳати маъмурӣ территорияи Полша ба 17 воеводство ҷудо шудааст.

polska

Сохти давлатӣ. Полша— давлати сотсиалистӣ, республикаи халқб. Конститутсияи ҳозирааш 22 июли 1952 қабул шудааст. Органи олии ҳокимияти давлатӣ — Сейм, ки онро халқ ба мӯҳлати 4 сол интихоб менамояд; дар давраи байни сессияҳои Сейм — Совети давлатӣ, ки онро Сейм интихоб мекунад. Органи олии иҷроия — Совети Вазирон. Органҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ — Советҳои халқии воеводствоҳо, поветҳо, шаҳрҳо ва гминҳо. Системаи судӣ: Суди олӣ, судҳои воеводство, поветҳо, судҳои шаҳрӣ ва махсус.

Табиат. Зиёда аз 90% мамлакатро ҳамвориҳо ишғол мекунанд; силсилаи кӯҳҳо танҳо дар ҷануби он воқеъ гардидаанд. Сарватҳои зернзаминӣ: ангиштсанг ва ангишти бӯр, нефт ва гази табиӣ, маъдани оҳан, конҳои маъдани мис, руҳ ва сурб, намаксанг, намакҳои калий ва магний. Иқлимаш мӯътадил. Ҳарорати миёнаи январ аз— 1 то 6°С, июл аз

10 то 19°С. Боришоти солона дар ҳамвориҳо 500—600 мм. Дарёҳои калон ва пуробаш Висла ва Одра. 27% территорияи Полшаро бешаи дарахтони сӯзанбарг пӯшонидааст. Олами ҳайвоноташ бой ва гуногун: ба миқдори зиёд хонгул, гуроз, оҳу, гург, силовсин, рӯбоҳ, аз парранда титав, тазарв ва ғайра. Дарёҳо ва обҳои назди соҳили баҳри Балтика аз моҳӣ (судак, шӯртан, равғанмоҳӣ, салака ва ғайра) бойанд. Дар территорияи мамлакат 13 боғи миллӣ воқест.

Аҳолӣ. Зиёда аз 98,5% аҳолии мамлакат полякҳо. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 108 кас (1974). 54% аҳолӣ дар шаҳрҳо иқомат дорад. Диндорон асосан католик.

Очерки таърихӣ. Инсон дар территорияи ҳозираи Полша ҳанӯз дар давраи полеолит маскан карда буд. Дар натиҷаи ба кор бурда шудани олоти биринҷӣ, баъдтар оҳанин ҳосилнокии меҳнат, алалхусус дар зироат, ки он яке аз машғулиятҳои асосии аҳоли гардид, баланд шуд. Дар асрҳои 7—10 дар байни қабилаҳое, ки дар территорияи Полша сокин буданд, дар натиҷаи пароканда гардидани сохти ҷамоаи ибтидоӣ муносибатҳои феодалӣ ташаккул ёфтанд. Дар асрҳот 10—11 просесси ба халқият табдил ёфтани аҳолии заминҳои полякнишин давом дошт. Қабули дини насронӣ ба суръат гирифтани просесси феодаликунонӣ мусоидат кард. Дар аҳди Болеслави 1 Ҷасур (ҳукмрониаш 992—1025) тамоми сарзаминҳои полякнишин муттаҳид гардид. Аммо муносибатҳои иқтисодии байни сарзаминҳои алоҳида то ҳол суст буданд. Вазъияти сарзаминҳои полякнишин баъди дар соли 1226 дар Прибалтика ташкил шудани ордени Тевтон боз бадтар шуд. Дар асри 13 Полша ба тохтутози тотору муғулҳо дучор гардид. Асрҳои 14—15 давлати ягонаи Полша (сулолаи Ягеллоҳо) ташкил шуд, ки он ба пешрафти маданият, инкишофи хат ба забони полякӣ мусоидат кард. Аз нимаи дуюми асри 16 сиёсати хориҷии Полша дар Шарқ ба он нигаронида шуда буд, ки, Литва давлати ягонаи Реч Посполитаро барпо намуданд. Ҷанги озодихоҳонаи халқи украин (1648— 1654) бо сардории Богдан Хмелнитский ва ҷанги (1654—1667) байни Россияю Полша ба Россия ҳамроҳ шудани қисми зиёди Украина оварда расонд; бо ҳамин ба сиёсати истилогаронаи Полша дар Шарқ зарбаи сахт зада шуд. Дар натиҷаи ҷанги дуру дарози вазнин бо Шветсия ва Туркия дар нимаи дуюми асри 17 ва нимаи якуми асри 18 ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Реч Посполита таназзул кард. Соли 1772 се давлати тавоно — Россия, Пруссия ва Австрия дар хусусӣ дар байни худ қисман тақсим карда гирифтани территгрияи Реч Посполита созишнома имзо карданд. Солт 1793 як қисми территорияи Реч Посполита бори дуюм дар байни Россияю Пруссия тақсим карда шуд. Халқи Полша соли 1794 бо роҳбарии Т. Костюшко ба муқобили таҳдидӣ тамоман барҳам додани истиқлолияти миллӣ шӯриш бардошт. Соли 1795 баъди бераҳмона пахш шудани шӯриш Реч Посполита бори сеюм дар байни Россияю Пруссия тақсим карда шуд. (Дар натиҷаи тақсимотҳо сохти давлатии Полша барҳам хӯрда зулму истибдоди тоқатфарсо ҳукмрон гардид. Муборизаи миллии озодихоҳона муддати дароз дар маркази ҳаёти сиёсии халқи поляк буд. Ҳаракати револютсионӣ дар Галитсия ҳукумати Австрияро маҷоур кард, ки соли 848 ислоҳоти деҳқонӣ гузаронда ба феодалҳо ттоат кардани деҳқононро бекор намояд. Дар заминҳои полякнишини Пруссия ва Австрия сохти капиталистӣ барқарор шуда бошад ҳам, лекин боқимондаҳои феодализм ҳанӯз ҳукмрон буд. Чанде баъд соли 1864 шоҳии Полша ва ҳукумати подшоҳии Россия низ маҷбур шуда ислоҳоти деҳқонӣ гузарониданд. Дар нимаи дуюми асри 19 дар тамоми сарзамини Полша капитализм барқарор гардид. Дар ин давра қисми зиёди шабакаи роҳи оҳани то имрӯз вуҷуддошта, районҳои калони саноатӣ сохта шудаанд. Солҳои 70 ибтидои давраи ҳаракати коргарӣ ва сотсиалистӣ дар, Полша буд. Ба ҷои ташкилоти якуми коргарии «Пролетариат» (таъсисаш 1882), ки онро тсаризм торумор кард, ташкилотҳои нави коргарӣ: соли 1889 «Пролетариат» (ташкилоти 2 юм), соли 1889 Иттифоқи коргарони Полша ташкил шуданд. Корпартоии соли 1892 дар Лодз аз ҷиҳати сиёсӣ ба камол расидани пролетариати Полшаро нишон дод. Соли 1893 ташкилотҳои коргарӣ ба партияи с.-д.-и шоҳии Полша муттаҳид шуданд. Ҷараёни миллии реформистӣ дар айни замон ба Партияи сотсиалистии Полша (ПСП) табдил ёфт. Револютсияи 1905—1907 дар шоҳии Полша қисми таркибии револютсияи Россия буд. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба халқи поляк озодӣ овард. Ҳукумати советӣ бо қарори худ аз 28 августи 1918 аз ҳамаи он шарту шартномаҳое, ки собиқ ҳукумати подшоҳии Россия дар бобати тақсимоти Полша баста буд, даст кашид; аз ин рӯ ҳукумати Полшп барои соҳибистиқлол шудани давлати худ асосҳои мустаҳками юридикӣ ва сиёсӣ ба даст оварда аммо сиёсати кур-куронаи қувваҳои миллатпарасти буржуазияи ба сари ҳокимият омада ба сар задани ҷанги (апрели 1920) Полшаю Давлати Советӣ сабаб шуд. Дар асоси қарори шартномаи сулҳи Рига (1920) Украинаи Ғарбӣ ва Белоруссияи Ғарбӣ ба Полша гузашт, ғайр аз он Полша октябри 1920 кишвари Вилнюсро аз Литва зада гирифт. То ибтидои соли 1921 Полша ба давлати сермиллати буржуазӣ-помешикӣ табдил ёфт, ки территорияи он ба таври сунъӣ торафт ба сӯи Шарқ васеъ мешуд, ҳол он ки қисми зиёди заминҳои полякнишин ҳанӯз дар ҳайати давлати Германия монда буд. Доираҳои ҳукмрони Полша дар дохили мамлакат низ сиёсати зидди советиро мегузаронданд, ки он дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) ба сари халқи Полша бадбахтиҳои калон овард. Рӯй гардонидан аз ягонагӣ бо СССР дар бобати гузаронидани сиёсати коллективонаи бехатарӣ, ба имзо расидани шартномаи Полшаю Германия (1934), умед бастан ба иттифоқи Франсия ва Англия, ки сиёсати онҳо дар асл ба таҷовузи Германияи фашистӣ ба Шарқ равона карда шуда буд, ба он оварда расонд, ки сентяри 1939 Германия ба Полша ҳамла кард. 3 сентябр 1939 ҳукуматҳои Брттанияи Кабир ва Франсия ба Германня ҷанг эълон карданд, аммо дар амал ба Полшп ҳеҷ гуна мадад нарасонданд. Ҷанги Германияю Полша бо шикасти Полша анҷом ёфт. Ҷанги Бузурги Ватании Иттифоқи Советӣ (1941) бар зидди таҷовузи Германияи фашистӣ дар муборизаи халқи Полша ба муқобили истилогарони немис гардиши куллие буд. Моҳи январи 1942 дар Варшава Партияи коргарии Полша (ПКП) таъсис ёфт, ки он тамоми қувваҳои зиддифашистиро ба фронти ягонаи миллӣ муттаҳид кард. Бо саъю кӯшиши ПКП отрядҳои паотизании Гвардияи Людова ташкил карда шудапд. Аммо ҳатто дар чунин вазъият, бар хилофи манфиатҳои халқи поляк ҳукумати дар муҳоҷират будан Полша ба ягонагии муқобилати он халал мерасонд. Бо қарори ин ҳукумат соли 1942 армияе, ки дар территорияи СССР бо ризоияти Ҳукумати Советӣ барои муборизаи якҷоя бар зидди фашизм дар фронти Иттифоқи Советӣ ва Германия ташкил карда шуда буд, ба Шарқи Наздик бароварда шуд. Моҳи марти 1943 дар СССР Иттифоқи ватандӯстони поляк таъсис ёфт, ки он бо дастгирии Ҳукумати Советӣ аз ихтиёриён дивизияи ба номи Т. Костюшкоро ташкил дод ва дар оянда асоси Армияи якуми Полша гардид. 1 январи 1944 дар Варшава органи муваққатии намояндагии демократии Фронти миллии Крайова Рада Народова (КРН) бо сардории Б. Берут таъсис ёфт. 21 июли 1944 КРН Комитети озодкунии миллии Полшаро ташкил кард, ки он 31 декабри 1944 ба Ҳукумати муваққатии Полша табдил дода шуд. Соли 1945 дар Конференсияи Қрим сардорони ҳукуматҳои СССР, ИМА ва Британияи Кабир дар бобати ҳал намудани масъалаи Полша ба созиш омаданд. Мувофиқи ин созишнома тамоми замини аз замонҳои қадим ба Полша тааллуқдоштаи қад-қади дарёҳои Одер ва Нейсе бояд ба он баргардонида мешуд. 21 апрели 1945 байни Иттифоқн Советӣ ва Полша доир ба дӯстӣ, ёрии байниҳамдигарӣ ва ҳамкории баъди ҷанг шартнома ба имзо расид, ки дар кори мустаҳкам гардидани мавқеи Полшаи нав дар арсаи байналхалқӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт. 3 январи 1946 КРН дар бораи миллӣ кунонидани саноат қарор қабул кард. Моҳи декабри 1948 дар Съезди муттаҳидаи ПКП ва ПСП Партияи коргарии муттаҳидаи Полша (ПКМП) таъсис ёфт. Январи 1949 Полша ба аъзогии Советӣ ëрии иқтисодии байниҳамдигарӣ қабул шуд. 22 июли 1952 Сейм конститутмияи РХП-ро қабул кард. РХП аъзои Шартномаи Варшава мебошад. Дар натиҷаи иҷро гардидани плани тараққиёти хоҷагии халқ (1950—1955) Полша аз мамлакати аграрӣ-индустриалӣ ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ табдил ёфт. Дар давраи баъди Съезди 5-уми ПКМП (ноябри 1968) дар кори планкашӣ ва такомули системаи идоракунии хоҷагии халқ ба хатоҳо роҳ дода шуд, ки онҳо ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатро мушкил гардонданд. 20 декабри 1970 пленуми 7-уми КМ ПКМП доир ба бартараф кардани ин хатоҳо қарор қабул намуд ва масъалаҳои ташкилиро муҳокима карда, натиҷаҳои матлуб ба даст овард. Дар зарфи 30 соли баъди ҷанг халқи Полша дар ҳамаи соҳаҳои сохтмони сотмиалистӣ ба комёбиҳои калон ноил гардид. Ба пешрафти иқтисодиёти РХП ёрии иқтисодии СССР дар давраи азнавбарқароркунии хоҷагии мамлакат ва баъдан дар давраи индустриконии он аҳамияти калон дошт. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо СССР дар Полша соҳаҳои нави саноат: автомобил, трактор, киштисозӣ, энергетика ва ғайра бунёд шуд.

Бӯҳрони соли 1980, ки тамоми ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии РХП-ро фаро гирифта буд, вусъат ёфтан гирифт. Душманони сотсиализм хатоҳои ҷиддии роҳбарони пештараи Полша, вайрон гардидани қонунияти сохтмони сотсиализмро истифода бурда, музаффариятҳои сотмиалистии халқи полякро зери хатар гузоштанд. Қувваҳои аксулинқилобӣ ба дастгирии доираҳои империалистӣ такя намуда, кӯшиш карданд, ки сохти ҷамъиятӣ-сиёсии халқи полякро тағъир диҳанд, Полшаро ба роҳи бесарусомонию худсарӣ тела диҳанд.

Қувваҳои зиддисотсиалистӣ, ки дар иттиҳодияи касабавии «Солидарность» дар рафти корпартоиҳои солт 1980 мавқеи мустаҳкам пайдо карда буданд, бо роҳи фиребу найранг коргаронро бар зидди ҳокимияти халқӣ бархезонда, психози корпартоии мислаш пеш диданашударо бо маъракаи зиддисоветӣ ба вуҷуд оварданд. Қариб тамоми соли 1981 корпартоиҳо, ихтилофҳо, бетартибиҳо дар ҷамъият, конфронтатсияи ошкоро бо ҳокимият қатъ нагардиданд. Рафти съезди 1-уми «Солидарность» (сентябр—октябр) ва программаи дар он қабулшуда шаҳодат медоданд, ки сардорони иттиҳодияи касабавӣ онро оа ташкилоти оппозитсионии сиёсии зидди Полшаи сотсиалистӣ табдил додаанд.

Дар ин шароит роҳбарони ПКМП ва РХП кӯшиш карданд, ки программаи бартарафкунии бӯҳрон ва мустаҳкам намудани вазъияти мамлакатро тартиб диҳанд. Ҳамин гуна вазифа дар назди съезди 9 (июл) ғайринавбатии ПКМП меистод. Съезд ҳайати нави роҳбарияти партияро интихоб ва лоиҳаи устави ПКМП- ро тасдиқ кард. Дар бораи мустаҳкам намудани роли роҳбарикунандаи ПКМП дар сохтмони сотсиалистӣ ва устувор гардондани вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии мамлакат, дар бораи тартиб додани программаи перспективии ПКМП қарор қабул карда шуд. Дар кори съезд вакилони КПСС иштирок доштапд.

Пленуми 4-уми КМ ПКМП (октябр) вазъияти мамлакатро дида баромада, муайян кард, ки роҳбарияти «Солидарность» бо роҳе меравад, ки он бар хилофи манфиати ҷамъият ва давлат, пеш аз ҳама бар зидди тамоми синфи коргар мебошад. Пленум аз «Солидарность» талаб кард, ки конститутсияи РХП ва тартиботи қонуниро риоя намояд, аз амалиёти душманонаи сотсиализм даст кашад, корпартоиҳоро фавран қатъ кунад, иттифоқи мамлакатҳои сотсиалистиро эътироф намояд, дар амалиëтҳои зиддисоветӣ иштирок накунад. Дар пленум раиси Советӣ Вазирони РХП, вазири мудофиаи миллӣ генерали армия В. Ярузелскии Котиби якуми КМ ПКМП интихоб гардид.

Аммо роҳбарони «Солидарность» вазъиятро ҳамоно тезутунд мекарданд. Онҳо аввали декабр роҳи дар мамлакат ба даст гирифтани ҳокимиятро пеш гирифтанд. Совети давлатии РХП таҳдиди реалли зидди музаффариятҳои сотсиализми Полшаро ба назар гирифта 13 декабр дар мамлакат вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ кард, ки ин тадбир табаддулоти зидди сотсиалистиро пешгирӣ, давлати полякҳоро аз задухӯрдҳои бародаркушӣ халос кард. Ин чораҳо, ки ба манфиати олии халқи поляк ва давлат нигаронда шуда буданд, аввали соли 1982 аз тарафи органи олии ҳокимият — Сейми РХП маъқул дониста шуданд. Дар асоси декрет дар бобати вазъияти ҳарбӣ бо сардории В. Ярузелский Совети ҳарбии наҷоти миллӣ таъсис ёфта, корпартоиҳо манъ карда шуданд, фаъолияти иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷавонон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ муваққатан боздошта шуданд.

Роҳбарони фаъоли зиддисотсиалистӣ ва контрреволютсионӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

РХП дар сиёсати берунаи худ бо мамлакатҳои иттиҳоди сотсиалистӣ ҳамфикр ва ҳамраъй аст.

Иқтисодиёт. Полша дар давраи тараққиёташ бо роҳи сотсиалистӣ ба давлати индустриалӣ-аграрӣ табдил ёфт. Саҳми саноат дар даромади миллӣ соли 1950 нисбат ба саҳми хоҷагии қишлоқ 1,5 маротиба кам бошад, соли 1974 4,3 маротиба афзуд. Вазни қиёсии сектори сотмиалистӣ дар даромади миллӣ (ба ҳисоби %) соли 1973 81,6, дар ҳаҷми маҳсулоти умумии саноатӣ 98,3, дар ҳаҷми маҳсулоти умумии хоҷагии қошлоқ 16,9, гардиши моли чакана 99,1- ро ташкил дод. Дар зарфи солҳои 1970—1974 суръати солонаи даромади милли хеле баланд шуда аз 11% гузашт. Дар давраи ҳокимияти халқӣ он фарқияти таърихие, ки дар тараққиёти иқтисодии районҳои ҷудогонаи мамлакат вуҷуд дошт, хеле бартараф гардид.

polska2

Саноат. Баробари афзоиши босуръати маҳсулоти умумии саноати, махсусан саноати мошинсозӣ ва химия зуд тараққӣ кард. Дар солҳои 1950—1974 маҳсулоти ин соҳаҳо мутаносибан 4,5 ва 2,8 маротиба афзуд. Полша аз ҷиҳати экспорти ангиштсанг ва сулфур дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол менамояд. Соли 1982 189,3 млн т ангиштсанг истоҳсол карда шуд. Соли 1974 ГЭС-ҳои Полша 19,1 мл11 кВт.С қувваи электр истеҳсол карданд. Дар соли 1982 117,6 млрд кВт.-с қувваи электр истеҳсол карда шуд. Солҳои охир истеҳсоли чӯян, пӯлод, руҳ, мис, алюминий торафт меафзояд. Саноати киштисозӣ, самолёт, автомобил, дастгоҳсозӣ, истоҳсоли массаҳои пластикӣ, нахи химиявӣ, семент ва ғайра тараққӣ кардааст. Корхонаҳои саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ дар иқтисодиёти мамлакат роли калон мебозанд.

Хоҷагии қишлоқ. Дар хоҷагии қишлоқ мамлакат тарзи истеҳсолоти майдамолӣ бартарӣ дорад. Зийда аз 80% маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ ба саҳми ин тарзи истеҳсолот рост меояд. Хоҷагиҳои индивидуалии деҳқонон тақрибан 83% маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқро истеҳсол мекунанд. Дар структураи маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ саҳми растанипарварӣ 54,8%, чорводорӣ 45,2% мебошад. Дар соҳаи растанипарварӣ обчакорӣ ва боғдорӣ бартарӣ дорад. Соли 1974 мамлакат ба миқдори 23 млн т зироати ғалладона ҷамъоварӣ кард. РХП аз ҷиҳати ҷамъоварии зағирпоя ва картофел дар дунё (баъди СССР) дар ҷои дуюм меистад. Соҳаҳои асосии чорводорӣ — хук ва говпарварӣ. Соли 1982 (ба ҳисоби млн сар) мамлакат 11,0 гов, 17,6 хук, 3,9 гӯсфанд, 1,8 асп дошт. Дар РХП моҳигирӣ тараққӣ кардааст, соли 1982 579 ҳазор т моҳӣ сайд шуд.

Нақлиёт. Дар РХП нақлиёти роҳт оҳан, баҳрӣ ва автомобил тараққӣ кардааст. Қисми зиёди боркашонӣ ба саҳми роҳи оҳан рост меояд. Тӯли роҳи оҳан (1976) 26,7 ҳазор км, аз он 5,1 ҳазор км электронида шудааст. Дарозии роҳи автомобилгард 140,6 ҳазор км. Дарозии роҳи дохилии киштигардӣ 4,6 ҳазор км. Бандарҳои муҳими баҳрӣ: Шетсин, Гдиня ва Гданск. Аэропорти калонтарин Варшава — Окентсе.

Алоқаи берунаи иқтисодӣ. Дар давраи солҳои 1950—1973 обороти савдои беруна 7,7 маротиба афзуд. Дар обороти савдои беруна дар соли 1973 саҳми мамлакатҳо — аъзоёни Совети ёрии иқтисодии байниҳамдигарӣ 53, 4%, саҳми давлатҳои мутараққии капиталистӣ 39,8%, мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода 4,5% -ро ташкил кард. Дар натиҷаи тағйир ёфтани структураи хоҷ. халқ саҳми саноати мошинсозӣ ва таҷҳизоти саноатии РХП барои экспорт аз 7,7 %-и соли 1950 дар соли 1973 то 38,9% афзуд; тақрибан 80% маҳсулоти ин гурӯҳ ба мамлакатҳои сотсиалистӣ рост меояд. Ғайр аз он тақрибан 72% молҳои саноатии истеъмоли халқ низ ба мамлакатҳои сотсиалистӣ экспорт мешавад. РХП яке аз давлатҳои асосие мебошад, ки давлатҳо — аъзоёни СЁИБ-ро бо сӯзишворӣ ва ашёи хом таъмин мекунад. РХП бо дигар давлатҳо-аъзоёни Советӣ ёрии иқтисодии байниҳамдигарӣ доир ба соҳаҳои гуногун 150 шартномаи дутарафа дорад. Дар мамлакат туризм хеле тараққӣ кардааст, солт 1974 ба Полша 7,9 мли турист сафар кард. Воҳид и  п у л — злотий.

Беҳтар шудани некуаҳволии моддии халқ. Дар натиҷаи босуръат тараққӣ кардани иқтисодиёти Полша дар солҳои ҳокимияти халқӣ барои баланд шудани дараҷаи ҳаёти аҳолии мамлакат аз ҳисоби зиёд шудани даромади шахсии он, истеъмоли ҷамъиятӣ, беҳтар қонеъ гардонидани талаботи маданӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Соли 1973 тақрибан 65,4% даромади миллӣ ба истеъмолот равона карда шуда буд. Дар зарфи солҳои 1960—1973 музди миёнаи номиналии меҳнат дар сектори таҷассумкардашудаи хоҷагии халқ аз 1509 то 2798 злотий, музди меҳнати реалӣ 1,5 маротиба афзуд. Музди меҳнати миёнаи моҳона дар сектори умумигардонидашудаи хоҷагии қишлоқ (соли 1973 2457 злотий) назар ба саноат (дар саноат соли 1973 2873 злотий буд) камтар паст мебошад. Лекин он сол то сол меафзояд. Баланд шудани нархи хариди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба зиёд шудани даромади деҳқонон мусоидат намуд. Дар давраи солҳои 1971—1973 даромади умумии он ба 62% афзуд. Обороти моли чакана дар солҳои 1960—1973 тақрибан 2,5 маротиба афзуд. Дар шаҳрҳо дар давраи солҳои 1950—1973 зиёда аз 3,3 млн квартира ба истифода дода шуд.

Нигаҳдории тандурустӣ. Дар соли 1973 дар Полша ба ҳар як ҳазор нафар аҳолӣ 17,9 таваллуд, 8,3 фавт рост омад; ба 4000 кӯдаки навзод 16,1 нафар фавт мушоҳида шуд. Дарозии миёнаи умр 70,3 сол (1973) буд. Сабабҳои асосии фавт: бемориҳои дилу раг, омосҳои хавфнок ва ғайра. Яке аз муваффақиятҳои соҳаи тандурустии мамлакат аз он иборат аст, ки бемориҳои сироятӣ қариб пурра барҳам дода шудаанд. Системаи нигаҳдории тандурустӣ давлатист. Аз 1 январи 1972 ба аҳолӣ ёрии бепули тиббӣ расонида мешавад. Соли 1973 дар РХП 682 беморхонаи дорои 217,4 ҳазор кат (6,5 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ), 467 таваллудхона, 55 санаторияи муолиҷаи бемории сил, 4,3 ҳазор поликлиника ва дигар муассисаҳои табобатӣ буд. Соли 1974 дар мамлакат 54,9 ҳазор духтур (1 духтур ба 610 нафар аҳолӣ), 15,1 ҳазор стоматолог, 13,8 ҳазор фармасевт ва қариб 119 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат расонпданд. 10 академия ва 276 мактаби тиббӣ барои соҳаи нигаҳдории тандурустии мамлакат кадрҳо тайёр мекунанд.

Маориф. Дар Полша аввалин мактабҳо ба забони лотинӣ асрҳои 10—11 дар назди дайру калисоҳо кушода шуданд. Дар асрҳои 13—14 мактабҳои шаҳрӣ ба забони полякӣ таъсис ёфтанд. Маорифи халқ дар давраи Эҳё ва Реформатсия рӯ ба тараққӣ ниҳод.

Меъморӣ, санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ. Ба давраи неолит зарфиёти сафолини бо нақшҳои гуногуни мураттаби зебо ороишёфта, ба давраҳои биринҷӣ ва оҳан қасабаҳои истеҳкомдори ҷамоавӣ, зарфиёти гилин ва биринҷӣ, маросими динӣ, аробаҳои калисо, ки дар онҳо сурати ҳар гуна парравда ва ҳайвонот тасвир шудааст ва ғайра мансубанд. Аз нимаи дуюми асри 11 услуби романӣ бартарӣ пайдо кард. Дар асрҳои 14—15 бинову иморатҳо бо услуби готика сохта мешуданд. Дар санъати тасвирӣ анъанаи реалистӣ торафт бештар мавқеъ пайдо мекунад. Асри 14— ибтидои асри 16 баробари паҳн шудани гуманизм ва таълимоти реформистӣ дар Полша маданияти Эҳё шакл мегирад ва услуби Ренессанс бо анъанаҳои услуби готика омезиш меёбад. Баробари шиддат ёфтани реаксияи феодалӣ-католикӣ (ибтидои асри 17) сохтмони калисоҳо бо услуби барокко авҷ гирифт. Дар миёнаҳои асри 16 онро услуби рококо (калисои католикӣ дар Краков) танг карда баровард. Аз охири асри 18 дар зери таъсири маорифпарварӣ, муборизаи зиддифеодалӣ ва миллии озодихоҳонаи халқи поляк меъморӣ ва санъати тасвирӣ бо услуби класситсизм пеш меравад. Дар бинокории асрҳои 19—20 аввалин намунаҳои санъати меъмории миллӣ зоҳир гардиданд. С. Виткевич ба услуои мавсум ба Закопане ибтидо гузошт, ки он ба анъанаҳои санъати меъмории миллӣ асос ёфта буд; дар санъати тасвирӣ ҷои романтизмро (миёнаи асри 19) реализм (дар фаъолияти М. Геримский) ишғол кард.

Мусиқӣ. Мадагияти мусиқии Полша яке аз қадимтарин маданияти мусиқии славянӣ мебошад. Аз қадимулайём дар байни мардум созҳои мусиқти халқии бо камонча навохта мешудагӣ: амсоли скрипка, мазанка, марина, асбобҳои мусиқии нафасӣ: лигавка, базун, тромбит маъмуланд. Аз рақсҳои халқӣ (бо суруд иҷро мешаванд) ходзоний (пеш аз полонез), краковяк, мазурка, куявяк, оберек шуҳрат пайдо кардаанд. Дар асрҳои 11—12 дар назди калисоҳо мактабҳои сурудхонӣ кушода шуданд. Аввалин бастакори номии П. Винтсенти (асри 13) мебошад, ки сурудҳои динии ӯ таъсири фолклори мусиқиро ба мусиқии калисоӣ инъикос мекунад. Дар асри 16 дар баробари паҳн шудани ғояҳои давраи Эҳё ва Реформатсия дар мусиқии поляк унсурҳои дунявӣ пурзӯр шуда, сурудҳои ишқӣ пайдо мешаванд. Соли 1748 дар Варшава зали махсуси театрии «Операльня», соли 1766 «Театр Народовы» таъсис ёфт, ки дар он операҳои миллӣ ба саҳна гузошта мешуданд. Дар нимаи дуюми асри 18 дар Краков ва Лвов театрҳои опера кушода шуданд. Асри 18 дар давраи авҷи ҳаракати миллии озодихоҳӣ сурудҳои ватандӯстона ва шӯришгарон, аз ҷумла «Далерона» ба пеш» паҳн шуданд, ки онҳо дар байни дастаи шӯришгарони Т. Костюшко дар соли 1794 машҳур гаштанд, суруди револютсионии легтонерҳои поляк дар Италия «Мазуркаи Домбровский («Ҳанӯз Полша маҳв нагардидааст», 1707) баъдҳо гимни Полша ва РХП гардид. Сӯруди «Варшавянка»-и К. Курпинский (1831) рӯҳан ба ин сурудҳо наздик аст. Ҷӯшу хӯруши ҳаёти мусиқӣ-камеравӣ ва театри, тараққӣ кардани жанрҳои гуногуни мусиқии поляк барои шӯҳрат пайдо кардани бастакор ва пианинонпвози бузург Ф. Шопен замина гузошт. Шопен ба мактаби бастакории Полша шӯҳрати ҷаҳонӣ оварда, ба маданияти мусиқии дигар мамлакатҳо, аз он ҷумла Россия, таъсири калон расонд. Анъанаҳои мусиқии Шопенро асосгузори операи классикии миллии поляк С. Монюшко («Галька», «Ҳавлии мудҳиш» ва ғайра) идома ва инкишоф дод. Ҳаёти мусиқии Полша, ки анъанаҳои бой дошт, дар Полшаи Халқӣ барои нашъунамои минбаъда шароити мусоид фароҳам овард. Ҳозир дар РХП 21 оркестри симфонӣ, 10 театри опера, 9 театри оперетта, 7 мактаби олии мусиқӣ ҳаст. Ҳар сол Фестивали байналхалқии мусиқии муосир «Тирамоҳи Варшава», суруди эстрадӣ дар Сопот, суруди муосир дар Зелена-Гуре ва ғайра гузаронида мешавад. Ансамблҳои суруд ва рақсҳои халқии «Мазовше» ва «Шлёнск» хеле машҳур шудаанд.

Балет. Аввалин намоишҳои балет дар Полша ҳанӯз дар асри 17 ба саҳна гузошта шуда буданд. Дар асри 18 дар дарбори сармоядорони калон труппаҳои балет ташкил шуданд. Соли 1833 дар Варшава дар «Театре Вельки» труппаи балетӣ ташкил шуд. Дар давраи солҳои 1834—1867 (бо фосила) дар ин ҷо балетмейстер Р. Турчинович кор карда «Жизель»-и А. Адан, 1848, «Эсмеральда»-и Ч. Пуни ва ғайраро ба саҳна гузошт. Баъди ба даст овардани истиқлолияти Полша балети миллӣ ташаккул ёфт. Балетмейстер- ҳо Полша Зайлих, Ф. Парнел, Я. Тсиклинский балетҳои бастакорон К. Шимановский («Харнази»), К. Носковский, Л. Ружитскийро ба саҳна мегузоранд. Соли 1037 группаи мустақили Балети Полша (роҳбаронаш Б. Нижинская ва Л. Вуйтсиковский, солистон — О. Славская, О. Глинкувна, З. Килинский ва дигарон) ташкил шуд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар бисёр шаҳрҳои РХП театрҳо бо мактаб ва группаҳои балетӣ кушода шуданд.

Сирк. То охири солҳои 80 асри 19 дар ярмарка ва кӯчаҳои шаҳрҳои Полша труппаҳои сайёри сиркӣ, акробатҳо, жонглсрҳо, найрангбозҳо ҳунарнамоӣ мекарданд. Якумин сирки калони сайёрро А. Пинсел ташкил карда буд. Соли 1883 дар Варшава сирки муқимӣ кушода шуд, ки артистони ои асосан хориҷиён буданд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳони (1939—1945) бинои сирк вайрон шуд. Фаъолтяти сирк дар РХП аз соои 1945 сар шуд, баъзе сиркҳои сайёр аз нав ба кор сар карданд. Соли 1945 Иттиҳоди сирки давлатӣ ташкил шуд, ҳозир 15 шапито кор мекунад. Соли 1956 дар Варшава Фестивали якуми байналхалқии санъати сирк шуда гузашт.

Робитаҳои иқтисодӣ ва маданӣ бо РХП.

Робитяҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Республикаи Халқии Полша рӯз аз рӯз мустаҳкам ва васеъ шуда истодааст. Тоҷикистон ба Полша ҳар сол хазорҳо тонна пахта мефиристад. Ғайр аз ин ба Полша таҷҳизоти технологӣ ба монанди дастгоҳҳои ресмонтобии автоматии АМК-150, мошинҳои тортании М-150-2, арматураҳои водопровод ва буғгузар, кабслҳои гуногун ва ғайра фурӯхта мешавад. Тоҷикистон дар навбати худ аз РХП микроавтобус ва автофургон, асбобу таҷҳизоти пардози рангмолӣ, мошинҳои тортанӣ, инчунин либос, пойафзол, чарчинворӣ ва ғайра мехарад.

То ташкил шудани Полшаи Халқӣ робитаҳои мадании он бо Тоҷикистон хеле маҳдуд буд. Аммо дар баробари ба давраи нави таърихӣ дохил гардидани мамлакат робитаҳои мадании Полша бо халқҳои Иттифоқи Советӣ, аз он ҷумла бо халқи тоҷик хеле васеъ шуд. Ҳанӯз аз солҳои аввалини барпо шудани РХП тарҷимаи асарҳои нависандагони Тоҷикистон, асарҳои нависандагони советӣ ва классикон нашр шуданд. Дар соли 1950 асари тарҷумаиҳолии асосгузори адабиёти советии тоҷик С. Айнӣ «Ёддоштҳо» бо номи «Бухоро» ба забони полякӣ аз чоп баромад. Баъди як сол маҷмӯаи повестҳои «Марги судхӯр», солт 1952 романи «Ғуломон»-и ӯ нашр шуд. Дар матбуоти даврии Полша тарҷимаи асарҳои нависандагони тоҷик дарҷ мешавад. Нашриёти Вазорати мудофиаи миллӣ солт 1952 романи машҳури Р. Ҷалил «Пӯлод ва Гулрӯ»-ро аз чоп баровард. Асарҳои адабиётшиносони поляк, ки адабиёти тоҷикро меомӯзанд, нашр мешаванд.

Дар навбати худ дар Тоҷикистон низ тарҷимаи асарҳои нависандагэони РХП нашр мешаванд.

Дар театрҳои Тоҷикистон песаҳои драматургони поляк, аз ҷумла «Қиссаи шабона»-и К. Хоинский дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, «Хонумҳо ва гусарҳо»-и А. Фред дар театри драмат русии ба номи В. Маяковский намоиш дода шуданд. Китобхонан давлатии ба номи Фирдавсӣ бо китобхонаҳои РХП китоб иваз мекунад.

Равобити гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва РХП сол аз сол васеъ ва мустаҳкам мегардад.

Адд: Лентсевич С., Физическая география Полши, пер. с польск., М-, 1969: История Польши, т. 1—3, М., 1954— 56, (доп. т.). Очерки истории Народной Польши, М.,    1965    (лит.), Илинич

Ю. В., Экономическая география Польши, М., 1958; История польской литературы, т. 1—2, М., 1908—69 (лит.), Захватович Я., Польская архитектура, пер. с польск., Варшава, 1967; Т а н а н а е в а Л. И., Польское изобразительное искусство эпохи Просвещения, М„ 1968; Б э л а а И„ История польской музыкальной нультуры, т. 1— 3, М„ 1954; Михалек Б„ Заметки о польском кино, пер. с польск., М„ 1964; Б е л а н В. Г„ Таджикистан в литературе на иностранных яэыках, Д„ 1971 — 75.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …