Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пантеизм

Пантеизм

Пантеизм (аз юнинӣ раn — ҳама ва theos —худо), таълимоти фаленфиест, ки худоро ба олам баробар мекунад. Истилоҳи “пантеист”-ро соли 1705 файласуфи англис Толанд ва итилоҳи «Пантеизм»-ро соли 1709 ҳарифи ӯ фақеҳи нидерландӣ Й. Фае ба или дохил кардаанд. Таълимоти пантеист акгар дорои тамоюлҳои нату­ралистие буд, ки дар он худо ва табиат яксон ва ба ҳам омехта донис­та мешуд. Ин ҷиҳати таълимоти Пантеизм охириро ба материализм наздик ва аз дин дур мекунад. Ғояҳои пантеистӣ дар афкори фалсафии Ҳиндустони Қадим (махсусан дар бараҳма­ния, ҳиндуия ва веданта), Хитои Қадим (даосизм) ва Юнини Қадим (Фалес, Анаксимандр, Анаксимен) ҷой доштанд.

Вале азбаски дар давраи политеизм мафҳуми худо ҳамчун рӯҳи ягонаи ҷаҳонӣ ҳанӯз» ташаккул наёфта буд, таълимотҳои мазкур яке аз шаклҳои гилозоистии (ниг. Гилозоизм) зиндагардонии олам буду бас. Пантеизм дар асрҳои миёна бар хилофи фаҳмиши теистии худо, ки дар таълимоти дини яҳудӣ, масеҳият ва ислом ҷой дошт, рӯҳи ҷаҳонии бешакл ва ниҳон дар табиатро эътироф мекард. Намояндагони он хусусан дар Шарқи Миёна ва Наздик таълимоти навафлотуниёнро асоси таълимоти худ қарор медоданд. Масалан, Ибни Сино, Насируддини Тӯсӣ ва дигарон дар асл мавҷудияти худоро эътироф кунанд ҳам дар боби пайдоиши олам назарияи судурро пазируфтаанд, ки дар он худо фақат ҳамчун моҳият ва сабаби аввал дониста шуда, просесси пайдоиши зинаҳои мухталифи олам дар заминаи таълимоти пантеистии навафлотуниён шарҳ дода шудааст.

Мувофиқи ин таълимот олам на ба таври иттифоқӣ, балки дараҷа ба дараҷа халқ шудааст, ки яке нисбат ба дигаре иллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳодисаҳо дар силсилаи маротиби вуҷуд ба қадиму ҳодис, мутақаддиму мутааххир, воҳиду касир ва ниҳоят тому ноқис тақсим мешаванд. Чунин ақидаи пантеистии намояндагони мактаби машшоъ дар асрҳои миёна на фақат ба муқкобили таълимо­ти рошидии ислом роҷеъ ба пайдои­ши олам равона шуда буд, балки он дар асоси принсипи сабабият до­ираи фаъолияти худоро маҳдуд намуда, онро бо дигар категорияҳои ҳастӣ, ки ифодакунандаи ҷиҳатҳои алоҳидаи ҳодисоти олами моддӣ мебошапд, яксон медонист. Хулосан мазкур, бешӯбҳа, ифодаи ҷиҳатҳои натуралистӣ ва оғози инкишофи аф­кори материалистии мутафаккирони Шарқ ба шумор мерафт.

Тобишҳои гуногуни Пантеизм дар таъли­моти аҳли тасаввуф ба номи «ваҳдати вуҷуд», «ваҳдати мавҷуд», «ваҳдати вуҷуд ва қасрати мавҷуд» низ мушоҳида мешаванд. Моҳияти таълимоти пантеистии- намояндагони тасаввуф (Боязиди Бистомӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Фаридуддини Аттор, Абулмаҷди Саноӣ, Ибни Арабӣ ва дигарон) аз он иборат аст, ки чун асоси олам, яъне моҳияти аввал ху­до мебошад инсон бояд барои дарки моҳияти ӯ бикӯшад ва ба воситаи сайру сулук ва бо роҳи кашфу шуҳуд ба ҳақ бирасад.

Яъне аз як тараф худо ба инсон муқобил гузошта шуда, аз тарафи дигар, ягонагӣ ва омезиши табиат бо худо му­шоҳида мешавад, ки хусусияти ирфонии таълимоти тасаввуфро дар асрҳои миёна ифода мекунад. Яке аз тобишҳои аввалини материалистии Пантеизмро дар Ғарб Давиди Динанӣ дода аст. Мувофиқи ақидаи ӯ, мате­рия, хирад ва худо ягонаанд. Давраи инкишофи босуръати тамоюлҳои натуралистии Пантеизм ба давраи Эҳё рост меоянд. Аввалин шахсе, ки дар ин давр бо Пантезм шуғл варзидааст, Ни­колаи Кузанӣ буд. Инкишофи Пантеизс дар Европаи Ғарбӣ ба асри 16 ва ибтидои асри 17 тааллуқ дарад.

Дар ин давр Пантеизм асоси бисёр таълимотҳои натурфалсафиеро ташкил медод, ки ба муқобили креатсиониз­ми динҳои монотеиотии ҳукмрон нигаронида шуда буд. Дар таълимоти Кардано, Ф. Петриқи, Т. Кампанелла, Ҷ. Бруно Пантеизми дорои хусусиятҳои натурфалсафӣ ошкоро мушоҳида ва худо ҳарчи бештар бо таби­ат омехта мешуд.

Пантеизм минбаъд ба туфайли ғалабаи эътиқодҳои мухталифи протестантӣ дар Европаи Ғарбӣ ҳамчун шакли эътирози мазҳабҳои таназзулёфта амал намудааст. Ақидаҳои пантеистӣ дар Европаи Ғарбӣ дар таълимоти Б. Спиноза ба ғояти инкишоф расид. Решаҳои охирӣ, дар навбати худ, аз сарчашмаи ғоявии фалсафии Ибни Сино об хӯрдааст. Мувофиқи ақидаи Ф. Энгелс систе­маҳои фалсафии идеалистони немис Ф. В. Шеллинг ва Г. Гегел кӯшиш мекарданд, ки аз мавқеи пантеизм зиддияти рӯҳу материяро оштӣ диҳанд (Маркс К. и Энгелс Ф., Соч., 2 ИЗД., Т. 21, с. 285),

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …