Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панҷараи дифраксионӣ

Панҷараи дифраксионӣ

Панҷараи дифраксионӣ, рав­зана ва монеаҳои дар фазои маҳдуд гузоштаеро номанд, ки барои ҳосил кардани диф­раксияи рушноӣ истифода мешаванд. Рав­зана ва монеаҳои бетартиб гузоштаро Панҷараи дифраксионӣ мунтазам ва бо тартиб гузошта­ро Панҷараи дифраксионӣ мунтазам меноманд. Дар оптика Панҷараи дифраксионии номунтазам татбиқи амалӣ надорад.

Панҷараи дифраксионии мунтазам дар сатҳи ҳамвор ё куравӣ аз маҷмӯи хатҳои шаклҳояшон якхелаю фосилаҳояшон баробар иборат аст. Фосилаи байни хатҳо Ранҷараро даври Панҷараи дифраксионӣ меноманд (ниг. расм). Нурҳое, ки ба Панҷараи дифраксионӣ рост меафтанд, аз ҳар як равзана таҳти кунҷи ф мешикананд ва дар натиҷа фарқи роҳи нурҳоро ( ) ҳосил мекунанд. Панҷараи дифраксиониро одатан шафоф ва парокананда месозанд. Панҷара (исми асосии асбобҳои спектрӣ коллиматор, спектрограф, монохроматор ва ғайра) ҳисоб меёбад. Гоҳо ҳангоми таҳлили нурҳои рентгенӣ баъзе кристаллҳои табииро чун Панҷараи дифраксионӣ мунтазам истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …