Маълумоти охирин

Палаун

Палаун (худ т а а н, к а т у р, б р а о, р и а и гӯянд), халқест, ки дар Бирма (асосан қисми ҷанубии дарёи Шуэли) зиндагӣ мекунад. Шумораашон тақрибан 240 ҳазор нафар (1978). Забони Палаун ба шохаи шимолу шарқии забонҳои мону кҳмерӣ тааллуқ дорад. Палаун авлодони қадимтарин аҳолии нимҷазираи Ҳиндухигой мебошад.

Диндорон пайрави буддоияанд; дину оини анимистӣ низ маъмул аст. Дар гузашта байни Палаун дину оини қадимӣ чун дини расмӣ ташаккул ёфта, баробари буддоия вуҷуд дошт. Машғулияти асосии Палаун— шоликорӣ, парвариши чой ва фурӯши он. Бофандагӣ, бӯрёбофӣ, кандакорӣ рӯи филизот низ тараққӣ кардаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …