Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРИНСИПҲОИ ДИДАКТИКӢ

ПРИНСИПҲОИ ДИДАКТИКӢ

p-didaktiki

ПРИНСИПҲОИ ДИДАКТИКӢ, принсипҳое, ки мазмун, шаклҳои ташкилӣ ва методҳои корҳои таълимии мактабро мувофиқи мақсади умумии тарбия ва қонуниятҳои просесси таълим муайян мекунанд. Таълимоти Я. А. Коменский, К. Д. Ушинский, А. Дистервег ва педагогҳои дигарро олимони советӣ М. А. Данилов, Б. П. Есипов, И. Т. Огородников, М. Н. Скаткин аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхта, вазифаҳои таълиму тарбия, қонуниятҳои протсесси таълим, хусусият­ҳои психологии бачаҳо, таҷрибаҳои педагогӣ ва Принсипҳои дидактикиро чунин тавсиф кардаанд: илми будани таълим, характори тарбиявии таълим, аёният, шуурнокӣ ва фаъолият дар таълим, мустаҳкам азхудкунии дониш, дастрас будани таълим, муносибати фардӣ бо хонандагон, мавриди таълими коллективона дар синф, алоқамандии назария бо амалия.

Принсипи илмии таълим аз на­зарияи маърифати марксистӣ-ленинӣ, ки оламро даркшаванда ва дар ҳаракат медонад, ба миён меояд.

Дар китобҳои дарсӣ ва программаҳои таълимӣ ба таҳрифӣ фактҳои илмӣ, чунон ки дар мактабҳои буржуазӣ ҷой доранд, роҳ дода наме­шавад. Ҳамаи фанҳо ва методҳои таълимӣ на танҳо ба мақсади таъ­лим, инчунин ба мақсади тарбия низ хизмат мекунанд. Бачаҳо дар ҷараёни таълим дар рӯҳи комму­нисте тарбия дода мешаванд. Чунон ки К. Д. Ушинскйй мегӯяд, «табиати бача» таълими аёниро талаб мекунад. Воситаҳои аёнии таълим асосан 3 намуд доранд: шифоҳӣ, ашёӣ ва тасвирӣ. Таълими аёнӣ хонандагонро шавқманд намуда, ба пурра аз худ кардани дониш ва фаъолияти амалии онҳо имконият медиҳад. Принсипи шуурнокӣ ва фаъолона дар таълим талаб мекунад: а) ба омӯзиш бошуурона ва фаъолона муносибат карданӣ хонанда; б) фаҳмидани материале таъ­лим ва онро ба воситаи нутқ ифо­да кардан; в) эҷодкорона амал кар­дани хонанда; г) бошуурона дар амал истифода бурдани дониш. Вазифаҳои тарбия ҳам шуурнокӣ ва фаъолият талаб мекунанд. Принси­пи мустаҳкам азхудкунии дониш аз вазифаҳои тарбияи коммунистӣ ба миён меояд. Принсипи дастрас бу­дани таълим зарур мешуморад, ки мазмуни таълим ва воситаҳои кори таълимӣ бояд ба хонандагон фаҳмо ва ба қобилияти онҳо мувофиқ бошад. Вай талаб мекунад, ки дар таълим пайдарҳамии аз осон ба душвор, аз маълум ба номаълум, аз содда ба мураккаб гузаштан риоя карда шавад. Принсипи ба ҳисобгирии хусусиятҳои фардӣ аз муаллим талаб мекунад, ки дар просесси таълими коллективона ху­сусиятҳои фардии дар як хонандаро низ ба ҳисоб гирад. Прин­сипи алоқамандии назария бо ама­лия хонандагонро водор мекунад, ки дониши назариявии худро дар амал тадбиқ карда тавонанд.

Ад.: Основы дидактики, М.,          1967;

Займов Л. В., Дидактика и жизнь, М.,           1968; Дидактика средней школы, М., 1975.

А. С. Шепилова.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …