Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Осетинҳо

Осетинҳо

Осетинҳо (худирон гӯянд,  дар ғарбу шимоли Осетия —д и г о р о н    номанд), миллат, аҳолии асосии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимолӣ ва Вилояти Автономии Осетияи Ҷанубӣ; дар як қатор районҳои Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Гурҷистон, Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Кабардино Балқар, кишвари Став­ропол, аз ҷумла дар Вилояти Автономии Қарачаю Черкас низ зиндагӣ мекунанд. Шумораашон 542 ҳазор нафар (1979).

Ба забони осетинӣ гап мезананд. Ташаккули Осетинҳо бо таърихи аҳолии маҳаллии қадимаи Кавкази Шимолӣ ва ҳам бо халқҳои муҳоҷир — скифҳо (асрҳои 8—7 то милод), сарматҳо (асрҳои 4—1 то милод) ва махсусан аланҳо (аз асри 1 милод) алоқаманд аст. Дар натиҷаи дар вилоятҳои Кавкази Шимолӣ маскун шудани қабилаҳои мазкури эронизабон аҳолии маҳаллӣ забон ва бисёр унсурҳои маданияти ондоро қабул намуд. Дар ин ҷо иттифоқи тавонои аланҳою осетинҳо ташкил ёфта, барои ташаккули халқияти осе­тин замина гузошт; вале ҳуҷуми муғулҳо (асри 13) онро пароканда намуд.

Аз охири асри 15 ташаккули халқияти Осетинҳо аз нав cap шуда то асри 18 тӯл кашид. Дар ин байн Осетинҳо ба пастиҳои ҷанубӣ қаторкӯҳи Кавказ паҳн шуданд. Дар маъхазҳои ғарбӣ ва шарқӣ аҷдоди Осетинҳоро аланҳо; гурҷӣ — ос (овс), русӣ — яс гуфтаанд. Баъди истилои муғул (асри 13) ва дигар истилогарон аланҳою осе­тинҳо маҷбур шуданд аз даштҳои ҳосилхез ба Ҷануб— ба дараю кӯҳҳои Кав­кази Марказӣ кӯчанд. Дар нишебиҳои шимоли он Осетинҳо 4 ҷамъияти калон (Дигор, Алагир, Куртатин, Тагаур), дар Ҷануб бисёр ҷамъиятҳое, ки тобеи феодалони гурҷӣ буданд, ташкил намуданд.

Дар тӯли асрҳо Осетинҳо бо гурҷиҳо ва дигар халқҳои ҳамсоя робита доштанд, таъсири он дар забону маданият ва маишати онҳо инъикос ёфтааст. Аксарияти Осетинҳо пайрави масеҳият; қисмашон мусулмон буданд. Машғулияти асосии Осетинҳо дар водӣ деҳқонӣ, дар мавзеъҳои кӯҳӣ — чорводорӣ буд. Яке аз намудҳои қадимаи санъати амалии Осетинҳо— ҳаккокӣ, чеварӣ ва ғайра. Байни жанрҳои гуногуни фол­клор эпоси нартӣ машҳур аст. Ҳокимияти Советӣ хусусияти хоҷагии Осетинҳоро тағйир дод. Xоҷагии қишлоқи серсоҳа гардид ва баланд механиконида шуд. Шумораи зиёди Осетинҳо дар саноат кор меку­нанд. Ҳамаи намудҳои маданияти миллӣ деле инкишоф ёфт. Зиёиёни миллӣ ба камол расиданд. Осетинҳо ба миллати сотсиалистӣ табдил ёфтанд. Нигаред низ Осетияи Шимолӣ ва Осетияи Ҷанубӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …