Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Олимов Мирзораҳмат

Олимов Мирзораҳмат

Олимов Мирзораҳмат (1891, Ху­ҷанд, Ленинободи ҳозира — 15. 6. 1971, Душанбе), наққоши тоҷик. Рассоми Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  (1959). Аъзои КПСС аз соли 1969. Яке аз муборизон ва барпокунандагони фаъоли Ҳокимияти Совети дар Тоҷикистон. Дар оилаи наққош Мирзоолим Носиров таваллуд ёфтааст.

Санъати наққоширо аввал аз падар ва баъдтар аз наққош ва нусхапартои машҳур Мирҳалим омӯхтааст. Дар ҷавонӣ ҳамроди падараш ба бисёр шаҳрҳои водии Фарғона рафта, маҳорати наққошиашро такмил додааст. Баъди вафоти ӯ ба кори мустақилонаи эҷодӣ пардохта, сақфи масҷиду хонаҳои ис­тиқоматиро ороиш медод. Соли 1916 дар қатори дигар иштирокчиёни шӯриши Хуҷанд ба Керч бадарға шуд ва муддате дар стансияи роҳи оҳан кор кард.

Соли 1918 ба Хуҷанд баргашта, дар барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ фаъолона ишти- рок кард. Аз соли 1930 дар Душанбе мезист. Ба маҳорату истеъдоди наққошии Олимов дар рӯзҳои Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941), ки на­мояи бо услуби кундал ороишёфтаро ба намоиш гузошта буд, баҳои ба­ланд дода шуд. Аксари намояҳои Олимов ба санаву симоҳои бузурги таърихӣ бахшида шудааст. Асарҳояш: «В. И. Ленин», «40-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон », «50-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон », «50-солагии ВЛКСМ», «Санъат аз они халқ аст», «Умари Хайём» ва ғайра.

Олимов анъанаҳои беҳтарини наққошӣ, кундалкорӣ, нақшбандӣ, нусхапартоиро идома дода, ба онҳо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Ӯ дар намояҳояш баробари усулу нақшҳои ороишии анъанавӣ (меҳробӣ, гиреҳ, гули аждар, қӯштаноб, ишкелак, гу­ли насрин, садбарг, думи товус, ислимӣ ва ғайра) .мотивҳои эмблематикии мазмунан нав (дос ва болға, герби СССР ва Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон, ситораи панҷгӯша, ғӯзаи пахта, кабутар ва ғайра)-ро истифода бурдааст.

Олимов солҳои охири умраш дар Омӯзишгоҳи рассомии Душанбе (ҳоло ба номи Олимов) ба ҷавонон санъати наққошии миллиро омӯзонда, шогирдони зиёде тарбия кард. Иштирокчии даҳаҳои санъат ва адабиёти тоҷик дар Москва (1941.1957) ва як қатор намоишгоҳҳои умумииттифоқист. Лауреати Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1966). Аз соли 1945 узви ИР СССР. Бо ордени Ленин, 2 ме­дал ва Грамотаҳои Фахрии Прези­диума Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Адабиёт: Р ӯ з и е в М., Усто Мирзораҳмат Олимва, Душанбе, 1973.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …